Президента Таджикистана Эмомали Рахмон

Таъиноти кадрӣ: Раҳмон судяҳоро аз Бадахшону Хатлон то Душанбе ҷо ба ҷо кард

2483
Раисони суди ноҳияҳои Ванҷ, Ишкошим, Ёвон, муовини раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ ва муовини раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон аз вазифа озод карда шуданд

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Имрӯз дар асоси фармон ва пешниҳодҳои раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллӣ дар сохтори Суди Конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии кишвар тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.

"Бо фармонҳои Президенти Тоҷикистон раисони суди ноҳияҳои Ванҷ ва Ишкошими Вилояти Мухтор Кӯҳистони Бадахшон, раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, муовини раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ ва муовини раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон аз вазифа озод карда шуданд", - иттилоъ додааст манбаъ.

Пешниҳодҳои раисҷумҳур дар бораи аз вазифаи Раиси Суди конститутсионии  Тоҷикистон бозхонд намудани Маҳмудзода Махкам Азам ва ба ҷои вай таъйин кардани Ашурзода Абдулҳафиз Абду ба Маҷлиси миллӣ ирсол шудааст.

"Пешниҳодҳои раисҷумҳур дар бораи аз вазифаи судяи суди конститутсионии Тоҷикистон бозхонд намудани Гулзор Муҳаббат Мамадкарим, дар бораи аз вазифаи муовини якуми Раиси Суди Олии Тоҷикистон бозхонд намудани Ашурзода Абдулҳафиз Абду ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод шуд", - афзудааст манбаъ.

Ҳамчунин дар бораи судяи Суди Олии Тоҷикистон интихоб намудани Салимзода Юсуф Сафар, дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Бобозода Матин Давлат, дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Бобоҷонзода Аъзамҷон Абдуазиз, дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Муминзода Қутбиддин Қурбоналӣ, дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Раҳимзода Хисрав Абдураҳмон ва дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Наимзода Бахтиёр Раҳмоналӣ пешниҳодҳои раисҷумҳур ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар ирсол гардидааст.

2483
Барчаспҳо:
вазифа, озод, Суд, Тоҷикистон