“Камаз” ба оғилхона бархӯрда баъдан ба чуқурии 40-метра афтид, ронанда ба ҳалокат расид

© Sputnik / Василий Батанов / Гузариш ба медиабонк"КамАЗы", архивное фото
КамАЗы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони ВУД Тоҷикистон дар арафаи ҷашни Наврӯз ду садамаи нақлиётиро ба қайд гирифтанд, ки боиси маргу ду ронанда шудааст

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон рӯзи 19 марти соли равон дар роҳҳои ҷумҳурӣ ду садамаи маргбор ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи иттилои мнабъа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Камаз-53212”, Зоҳидов Амонбой Эргашевич, соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд”, дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада ба оғилхонаи Маликов Муродбой Шодибоевич, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Айнӣ бархӯрда, баъдан ба чуқурии тахминан 40-метр афтидааст. 

Река Вахш, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Камаз дар дарё кӯдакро зер кард: ҳалокати се навраси тоҷик

“Дар натиҷаи чунин ҳодисаи нохуши нақлиётӣ, мутаассифона худи ронанда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, - хабар додааст ВУД Тоҷикистон. 

Инчунин манбаъ таъкид намудааст, ки рӯзи 19 марти соли равон, тахминан соати 23:00 - дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Розиқов Фурқат Шомуродович, соли таваллудаш 1996, сокини ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи “Айнӣ-Панҷакент” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сучинаи шаҳри зикргардида, аз ухдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори чапи роҳ чаппа шудааст. 

Манбаъ қайд намудааст, ки дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Дурандеши Қурбонмурод, соли таваллудаш 1998, сокини ҳамин шаҳр ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи Тоҷикистон таҳқиқоти ин ҳодисаҳоро идома доранд.

Лентаи хабарҳо
0