Цветущие деревья в парке ЖД, архивное фото

Обу ҳавои наврӯзӣ: дар пойтахт ҳавои бебориш дар назар аст

37
(Таҷдидшуда 09:40 21.03.2019)
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад

ДУШАНБЕ, 21 мар - Sputnik.  Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар  шаҳри Душанбе ҳавои дтағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво  шабона 4-6  ва рӯзона 19-21  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ   рӯзона ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.   Ҳаво  дар водиҳо шабона 3-8  ва рўзона 17-22 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рўзона  7-12  дараҷа  гарм мешавад.

Имрӯз дар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 1-6 дараҷа сард шуда,  рӯзона 6-11  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона   11-16 ва  дар мавзеи Булункӯл 26-28 дараҷа сард мешавад. Рӯзона  ҳаво аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм шуда, дар мавзеи Булункӯл  4-6  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд    ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Ҳаво  дар водиҳо шабона 6-11  ва  рӯзона 16-21 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм  шуда,  рӯзона 5-10  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбанда  шуда, рӯзона ҳаво бебориш мешавад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 6-11  ва рӯзона 18-23  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона  2-7  ва   рӯзона 12-17 дараҷа гарм  мешавад.

37
Барчаспҳо:
бебориш, обу ҳаво, Наврӯз, Тоҷикистон