Задержание, архивное фото

ВУД Тоҷикистон дар арафаи ҷашни Наврӯз аз говдуздӣ то ғоратгарии хонаро ошкор кард

108
Кормандони милитсияи Тоҷикистон дар арафаи ҷашни Наврӯз ду ҳолати дуздиро ошкор намуда, гумонбарони ҷиноятро дастгир намуданд

ДУШАНБЕ, 21 мар - Sputnik. Дар арафаи ҷашни Наврӯз кормандони милитсияи Тоҷикистон ду ҳолати дуздиро ошкор намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Ба кормандони милитсия марди 24-сола, сокини ҷамоати деҳоти Даҳана, деҳаи Гулистон муроҷиат намудааст, ки шаби 18 ба 19 шахсонӣ номаълум аз оғилхонааш як сар чорвои калони шохдор, ки арзишаш 8000-сомониро ташкил медод, дуздида аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд. 

Кормандони милитсия, ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Зайнанабобод, деҳаи Дарёбод бо гумони ғоратгарӣ дастгир намуданд. 

Инчунин ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавси марди-43 солаи сокини кӯчаи Ҳосилот шаҳри Душанбе, муроҷиат намудааст, ки санаи 10-уми марти соли равон шахсонӣ номаълум ба хонааш даромада, аз онҷо 950-доллар, 1900-сомонӣ ва ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллогин, ки арзишашон 3000-сомонӣ будааст, дуздида аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.

Кормандони милитсия марди 29-соали сокини кӯчаи Гулистон, ки пеш бо моддаи 244 ва 248 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон маҳкум шуда буд, дастгир намуданд.

Дар ҳоли ҳозир нисбати қазияҳои мазкур тафтишот идома дорад.

108
Барчаспҳо:
ВУД, ВУД ҶТ, чорво, говдуздӣ, дуздӣ, Тоҷикистон