Сотрудник полиции

Вазорати умури дохила ба таҳқиқи қазияи латтукӯби зан аз ҷониби милиса шурӯъ кард

133
Дар навор дида мешавад, ки як корманди мақомот занеро бо далели номаълум зери шаттаву мушт қарор медиҳад

ДУШАНБЕ, 21 мар - Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба таҳқиқи қазияи латтукӯби як зан дар маркази шаҳри Душанбе аз ҷониби корманди милиса оғоз кардааст, хабар дод намояндаи вазорат ба Sputnik Тоҷикистон.

"Навор ба дасти вазорат расид ва таҳқиқи фаврии ҳодиса оғоз шуда, аз натиҷааш хабар дода мешавад", - тавзеҳ дод вай.

Ёдрас мешавем, пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн гардид, ки дар он зоҳиран корманди ВУД бо либоси милиса занеро латтукӯб мекард.

Муаллифи навор дар шарҳи видео навиштааст, ки ҳодиса дар маркази Душанбе, дар назди Вазорати дифои Тоҷикистон рух додааст.

Ин саҳна дар рӯзи ид аст. Ҳодисаи даҳшатвор имрӯз дар наздикии Вазорати мудофиа, назди қаҳвахонаи "Паркинг" рух додааст. Милиса занро зад. Мардон бошанд аз назди ин саҳна бепарво мегузаранд. Мардон дифои шумо дар куҷост? Мо аз кормандони милиса ҳимоя меҷӯем, онҳо худашон ҷинояткоранд. Бояд ёфт ва ҷазо дод!", - менависад ин корбари Фейсбук.

Корбарон низ ин амали корманди мақомотро зери тозиёнаи танқид қарор дода, изҳори умед кардаанд, ки гунаҳкорони ҳодиса ҳатман муҷозот мешаванд.

133