Сим-карта, архивное фото

Изи ангушт мегирем: Хадамоти алоқа сабаби сабтиноми дубораи сим-кортҳоро гуфт

260
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон тавзеҳ додааст, ки сабтиноми дубораи симкортҳо тариқи шиносномаи нав барои гирифтани изи ангушти ҳар як муштарӣ зарур аст

ДУШАНБЕ, 22 мар - Sputnik. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон  сабаби сабтиноми  дубораисимкортҳо тариқи шиносномаи нав (ID - корт) тавзеҳ додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, ин қарор бо зарурати гирифтани изи ангушти ҳар як муштарӣ вобаста аст. Тавре аз макатуби расмии  хадамот маълум мешавад, ин иқдом барои "пешгирӣ аз терроризм ва экстремизм" роҳандозӣ карда мешавад.

Нусхаи мактуби расмии хадамот дар Фейсбук мунташир шудааст.

"Барои пешгирии қонуншиканиҳои ҷиноӣ, таҳдиди терроризму эктремизм, ки ба воситаи телефонҳои млобилӣ сурат мегиранд, зарурати гирифтани изи ангушти ҳар як истифодабаранда пеш омад. Бо сабаби он, ки нусхаи шиносномаи соли 2014 имкон медиҳад, ки изи ангушти ҳар як муштарӣ гирифта шавад, сабтиноми дубораи истифодабарандагони алоқаи мобилӣ ба роҳ монда мешавад", - гуфта мешавад дар муктуб.

Охирҳои моҳи феврал хабар дода шуд, ки тартиби фурӯши симкортҳо тағйир ёфт.

Бар асоси тағйирот ба қарори Ҳукумат, “Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он”,  ки аз ҷониби раисиҷумҳур 9 феврал имзо гардидааст, симкорти шахсоне, ки шиносномаи намунаи соли 2014 надоранд, аз нав ба қайд гирифта мешаванд.

Дар матни қарор инчунин зарурати пешниҳоди шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 ҳангоми гирифтани симкорт таъкид шудааст.

Ҳукумат масъулини соҳаро барои насби камераҳои мушоҳидавӣ дар нуқтаҳои хариду фурӯши симкортҳо уҳдадор намуда, муваззаф кардааст, ки зиёда аз ду симкортро ба номи як шахс (дар ҳамаи операторони хизмати алоқаи барқӣ) ба расмият надароранд.

260