Концерт ветеранам ВОВ

Вазорати тандурустӣ аз теъдоди роҳхатҳои ройгон барои иштирокчиёну маъюбони ҶБВ хабар дод

77
(Таҷдидшуда 14:20 22.03.2019)
Мувофиқи нақша Вазорати тандурустӣ дар мавсими истироҳатии соли равон 1780 адад роҳхатҳои ройгон барои имтиёздорон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва маъюбон ҷудо карда шудааст

ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Ахиран дар Вазорати тандурустӣ ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорат доир ба масъалаҳои омодагӣ ба мавсими навбатии табобати санаторию курортӣ дар низоми тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фаъолияти осоишгоҳҳо ва истироҳатгоҳҳо дар ин самт таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ.

Зимни ҷаласа Соима Муҳаббатова, сардори шўъбаи рушди ҳифзи иҷтимоӣ ва таъмини кафолатҳои иҷтимоии Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорат, иттилоъ дод, ки барои таъмини табобати санаторию курортӣ, барқарорсозии саломатии  иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ, шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва нафақахўрони аҳамияти ҷумҳуриявӣ ҳамасола аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ 200-250 адад роҳхатҳо дода мешавад.

Ба гуфтаи вай иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ, шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва нафақахўрони аҳамияти ҷумҳуриявӣ имкон доранд дар осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои ҷумҳуриявӣ, ба монанди “Баҳористон”, “Хоҷа Обигарм”, “Оби Гарм”, “Зумрад”, “Шоҳамбарӣ”, “Ҳавотоғ” ва монанди инҳо роҳхат ба даст биоранд.

“Ба баъзе мушкилоти молиявӣ нигоҳ накарда, таъмин намудани имтиёзҳои амалкунанда аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҳамасола беҳтар гардида истодааст”,- афзуд вай.

Соима Муҳаббатова, зимни гузориши худ таъкид намудааст, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҳар сол барои харидорӣ намудани роҳхатҳои санаторию курортии сатҳи ҷумҳурӣ 333 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад, ки қисмати зиёди он барои ветеранҳои ҷангу меҳнат равона карда мешаванд. Чунончи, соли гузашта 209 нафар имтиёздорон аз ҷумла, маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва нафақахўрон барои хизматҳои махсус дар назди Тоҷикистон дар осоишгоҳҳои ҷумҳуриявии болозикр  ба табобати санаторию курортӣ фаро гирифта шуданд.

“Айни замон дар тамоми осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо тайёрӣ ба мавсими имсола рафта истодааст”, - таъкид намудааст намояндаи Вазорати тандурустӣ.

Инчунин, Соима Муҳаббатова зикр намудааст, мувофиқи нақша дар мавсими истироҳатии соли ҷорӣ  бо назардошти имкониятҳои молиявӣ 1780 адад роҳхатҳои ройгон барои имтиёздорон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва маъюбон ҷудо карда мешавад. Аз  ҷумла, дар муассисаҳои давлатии истироҳатгоҳи  “Дўстӣ” дар 7 баст (520 нафар), Ромит дар 7 баст (350 нафар), Харангон дар 8 баст (520 нафар) ба муддати 18 рўзӣ, Истироҳатгоҳи “Бибӣ Фотимаи Заҳро” – и ноҳияи Ишкошим бо филиалаш дар 7 баст (420 нафар) ба муддати 12 рӯзӣ ба табобату истироҳат ва тавонбахшӣ фаро гирифта мешаванд.

77
Барчаспҳо:
истироҳат, маъюб, ҶБВ, вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон