Наврузовский карнавал в Нуреке

Суханронии раисҷумҳур ҳангоми таҷлили Наврӯз дар Наврӯзгоҳ

55
Президенти Тоҷикистон мардуми кишварро ба ҷашни Наврӯз муборакбод гуфта, аз торихи ин ҷашн ёдрас гардид

ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Шоми имрӯз, 22 март дар Наврӯзгоҳи Душанбе ҷашни Наврӯз бо шукӯҳ таҷлил мешавад.

Дар ҷашн кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ иштирок ва суханронӣ намуд.

Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, президенти Тоҷикистон ҳозиронро бо иди Наврӯз муборакбод гуфтааст.

"Бо истифода аз фурсат, бори дигар кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, сокинону меҳмонони пойтахт ва ҳамаи шумо — ҳозирини тантанаҳои имрӯзаро ба ифтихори Наврӯзи фархундапай, ки дар Наврӯзгоҳи зебои шаҳри Душанбе баргузор мегардад, самимона табрик мегӯям", - қайд кардааст Эмомалӣ Раҳмон.

Раисҷумҳур аз торихи ҷашн ёдрас шуда, афзудааст, ки "мардуми тоҷик ҷашни бостониро аз гузаштагони худ ба мерос гирифта, онро дар суннату анъанаҳо, ҳунарҳои мардумӣ ва адабиёти хаттиву шифоҳӣ бисёр васеъ ва ба таври шоиста инъикос кардаанд".

"Наврӯз, пеш аз ҳама, ҷашни мардумӣ ва як ҷузъи зиндагиву ҷаҳонбинии халқи мо ба ҳисоб меравад", - таъкид кардааст кишвардор.

Пахши мустақими маросими таҷлили Наврӯзро аз гузориши Sputnik Тоҷикистон метавонед тамошо кунед.

55