Продавец в магазине считает сдачу

Кормандони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон 59 доллар маоши моҳона мегирифтаанд

140
Кормандони бахши кишоварзии Тоҷикистон камтарин музди моҳонаро дарёфт мекунанд

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Кормандони бахши кишоварзӣ ва ҷангалпарварии Тоҷикистон камтарин музди моҳонаи кишварро дарёфт мекунанд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Бино ба иттилои ожонси омори Тоҷикистон, кормандони кишоварзӣ ва ҷангалпарварӣ моҳе ба ҳисоби миёнгин 559 сомонӣ (59 доллар) дарёфт мекунанд.

Музди миёнгини кормандони бонкҳо ва созмонҳои бимаӣ 2 ҳазору 898 сомонӣ (307 доллар) мебошад. Кормандони бахши тавлиди маъодин моҳе миёнгин 2 ҳазор сомонӣ (265 доллар) дарёфт мекунанд. Музди миёнгини кормандони сохтусозӣ 2,4 ҳазор сомонӣ (254,5 доллар), кормандони бахши энержӣ ва обрасонӣ 1,5 ҳазор сомонӣ (159 доллар) мебошад.

Бар асоси додаҳои манбаъ, музди миёнгини моҳона дар январи соли ҷорӣ дар кишвар 1 ҳазору 261 сомонӣ (133,7 доллар) буд.

Сатҳи музд бо назардошти таваррум дар муқойиса бо моҳи декабри соли гузашта 13,8 дарсад коҳиш ёфт.

Музди ҳадди ақал дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 400 сомонӣ (42 доллар) мебошад.

140
Барчаспҳо:
маош баланд намешавад, маоши камтарин, болоравии маош, маош, соҳаи кишоварзӣ, Тоҷикистон