Конор Макгрегор муҳорибаҳои омехтаро тарк кард

© AP / John LocherКонор Макгрегор после проигрыша Нурмагомедову
Конор Макгрегор после проигрыша Нурмагомедову - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Варзикори ирландӣ, собиқ чемпиони UFC Конор Макгрегор эълон кард, ки аз майдони ҳунарҳои размии омехтаи ММА рафт

ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Варзишкори ирландӣ Конор Макгрегор эълон кард, ки аз майдони ҳунарҳои размии омехта рафт.

Вай дар ин бора дар саҳифаи Twitter хабар додааст.

“Ман тасмим гирифтам аз майдони ҳунарҳои размии омехта равам. Ман ба ҳамаи ҳамкасбонам пешравиҳои орзумандам. Акнун ман бо ҳамкасбони собиқам, ки ҳоло дар истеъфо мебошанд, ҳамроҳ мешавам”, - гуфт варзишкори 30 сола.

​Ба гуфтаи роҳбари UFC Дэйна Уайт варзишкори ирландӣ дар зиндагӣ ҳам, мисли муҳорибаҳои омехта муваффақ хоҳад шуд.

Ахиран собиқ қаҳрамони ҷаҳон оид ба бокс, Майк Тайсон  дар бораи хоҳиши саҳмиядор шудани қаҳрамони муҳорибаҳои омехта (MMA) Конор Макгрегорро дар UFC хабар дода буд.

Ба гуфти ӯ хуб мешуд Конор бештар ба варзиш сару кор гирад на ба тиҷорат.

Конор Макгрегор яке аз муваффақтарин варзишкори UFC ба ҳисоб меравад. Ӯ дар 25 муҳорибаи омехта иштирок намуда дар 21 муҳориба пирӯзи ба даст овардааст. Вай танҳо дар 4 муҳориба мағлуб шудааст.

Лентаи хабарҳо
0