Ваъдаҳои хушку интизории чорсола: чаро “China Town” дар Хуҷанд сохта нашуд?

622
Пас аз интизории чорсолаи даҳҳо хонавода маълум гардид, ки лоиҳаи “China Town” амалӣ намешавад. Ин ҷо ҷабрдида ҳамон оилаҳоянд, ки ба умеди "Чайна тавн" манзилҳошон хароб шуду худ чор сол мешавад, ки саргардонанд

ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. 32  хонавода дар шаҳри Хуҷанд, ки ба ваъдаи ҳукумат ва масъулини  шаҳрдорӣ бовар карда, чаҳор соли пеш ҳавлиҳояшонро вайрон ва замини онро барои сохтмони биноҳои баландошёнаи як  шаҳраки хуштарҳу замонавӣ ё “China town” ҳамвор карданд, наметавонанд ба ҳуҷраҳои нав баргарданд.

Ин гурӯҳи сокинон дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви Хуҷанд зиндагӣ доштанд ва миёни онҳо ва ширкати “Ҳусноро 1” -  масъули сохтмони шаҳраки нав, шартнома ҳам вуҷуд дошт, ки тибқи он баъди ду сол, онҳо бояд ба ҳуҷраҳои нав медаромаданд. Аммо чаҳор  сол боз ин гурӯҳи сокинон бехона монда ва дар шароити танги ҳуҷраҳои иҷоравӣ зиндагӣ мекунанд. Сохтмони бинои истиқоматӣ,  ки онҳо бояд баъди ду сол ба он кӯч мебастанд, чаҳор сол боз шурӯъ нашудааст ва ҳанӯз маълум нест, ки он кай сохта мешавад.

"Чор сол аст, ки дар манзили иҷора азоб мекашем"

Рафоат Ҳошимова яке аз шумори сокинонест, ки мегуяд, бо даъвати масъулин манзили иборат аз ду ошёна ва 9 хонадорро вайрон кард, аммо инак чаҳор сол боз ҳамроҳ бо 11 узви хонаводааш дар шароити танги ҳуҷраҳои иҷора зиндагӣ мекунад.

“Инак чаҳор сол мешавад, ки мо дар шароити ҳуҷраҳои иҷоравӣ бо азоб зиндагӣ мекунем. Шароити зист танг аст, дар як хонаи се ҳуҷрагӣ мо 11 нафар зиндагӣ мекунем. Соли гузашта ночор туйи хонадоршавии духтарамро дар шароити танги иҷора барпо кардем. Ин барои ман хеле ташвишовар буд”, - мегӯяд Ҳошимова.

Комил як сокини дигари хиёбони Раҳмон Набиев дар шаҳри Хуҷанд, ки дар қатори 31 хонавода, ӯву аъзои оилааш ба вайрон кардани ҳавлии худ розӣ шуданд, мегуяд, ки шароити танги ҳуҷраи иҷора онҳоро хаставу маъюс кардааст. Бино ба гуфти ӯ, онҳо 10 узви хонавода ҳоло дар як хонаи иборат аз ду ҳуҷрагӣ, зиндагӣ карда, зиёд азият мекашанд.

“Вақте масъулини ҳукумат дар соли 2015 пешниҳод карданд, ки ҳавлиатонро вайрон кунед ба ҷои замини он шаҳраки нав месозем ва аз он ба шумо ҳуҷраҳои нав медиҳем, дар қатори ҳамсояҳо мо ҳам розӣ шудем. Мо ба ин ваъдаи масъулон бовар кардем. Миёни мо ва ширкати “Ҳусноро 1” , ки сохтмони ин шаҳракро бар ӯҳда дошт, ба мӯҳлати ду сол шартнома баста шуд.  Аммо чаҳор сол аст, ки ҳамоно кори сохтмон шурӯъ нашудааст”, - афзуд вай.

Ҷудо кардани қитъаи замин аз ҳисоби 32 манзили сокинон иборат аз   1500 метри мурабаъ ба ширкати “Ҳусноро 1”, ки моликони аслиаш шаҳрвандони Чин мебошанд, дар соли 2015 бо қарори Раҷаббой Аҳмадзода, он вақта раиси шаҳри Хуҷанд ва ҳоло раиси вилояти Суғд сурат гирифтааст. Аммо сокинон  таъкид меварзанд, ин қарори шаҳрдорӣ дар вақташ иҷро карда нашуд.

"Ҳуқуқи сокинонро нақз кардаанд"

Коршиносони масоили сохтмон мегуянд, ки дар иҷро нашудани ин тарҳ ҳуқуқи  сокиноне, ки манзилҳои бутуни худро вайрон кардаанд, нақз мегардад.

”Аз рӯи қонунгузорӣ бояд пеш аз он, ки як нафарро аз хонааш беҷо кунанд, яъне, замини хонаи вай ба мақомоти марбутаи давлатӣ лозим бошад, бояд ӯро бо ҷои зисти мутобиқ таъмин кунанд. Аммо дар мисоли сокинони хиёбони Раҳмон Набиев ин муқаррарот риоят нашудааст ва ҳанӯз ҳуҷҷатҳои шаҳраки нав омода нашуда, ҳавлии мардумро вайрон карда ва онҳоро бо ваъдаи то ду соли бозгашт ба хонаҳои нав, дар шароити  ҳуҷраҳои иҷроавӣ ҷойгир карданд”, - таъкид мекунад Толиб Каримов коршиноси мустақил дар шаҳри Хуҷанд.

Ширкати сохтмонии “Ҳусноро 1 ”, ки моликони аслияш шаҳрвандони кишвари Чин мебошанд, соли 2015 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд сабти ном шудаааст. Аммо то ба имрӯз сохтмони ягон бинои истиқоматӣ дар Тоҷикистон бо исми ин ширкат сабт нашудааст. Дар моҳи ноябри соли 2018 ин ширкат барҳам хурда ва ҳама муассисонаш ба кишвари худ, Чин баргаштаанд.

Як нафар коргари ин Ширкат дар Хуҷанд, гуфт, ки "ҳоло ҳама муассисони “Ҳусноро 1” аз баҳри кор гузашта ба кишвари Чин баргаштаанд”.

Мавзӯъи таъхир дар сохтмони ин шаҳраки нав дар Хуҷанд дар  поёни соли 2017 замоне расонаӣ шуд, ки мӯҳлати ваъдаҳои масъулин ва ин ширкати сохтмонӣ ба поён расиданд, аммо кор дар ин самт ҳанӯз оғоз нагардид. Шартномае, ки мувофиқи ваъдаи ҳукумат миёни сокинон ва “Ҳусноро 1” баста шуду  бояд то ин замон ба иҷро мерасид, ки нашуд.

Дар рӯзи 18-уми майи соли 2018 дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд аз маҳалли гуфтугузори шаҳрдорӣ бо сокинони хиёбони Раҳмон Набиев чанд акс дар саҳифаи фейсбуки худ нашр карда, хабар дод, ки корҳои ҳамворкунӣ ва омодагӣ ба сохтмони шаҳраки хитоӣ дар хиёбони Раҳмон Набиев аз тарафи ширкати "Ҳусноро-1” оғоз гардидаст.

Ҳоло  худи Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд иқрор мекунад, ки ширкати “Ҳусноро 1” аз сохтмони шаҳраки нав дар хиёбони Раҳмон Набиев дар Хуҷанд даст кашидааст. Ин ҳол ваъдаҳои то ин вақт додаи масъулин дар мавриди сохтмони шаҳраки нав ботил месозад.

Вале суоли матраҳ ин аст, ки чаро “Ҳусноро 1” аз сохтмони биноҳои баландошёна даст кашидааст ва ин ширкат барҳам хурдааст?

Фахриддин Умаров иҷрокунандаи вазифаи мудири шӯъбаи сохтмон ва меъмории шаҳри Хуҷанд гуфт, ки барои ӯ ҳам ин суол муаммо аст, зеро иҷрои ин тарҳ ба зиммаи масъулини баландмақоми ҳукумат вобаста аст.  

“Дар ин масъала бевосита худи муовини раиси шаҳр оид ба сохтмон машғул ҳастанд. Аз ибтидо он кас, ин масъаларо кураторӣ мекарданд. Чизе, ки барои ман маълум аст, ҳоло қарори собиқ раиси шаҳр, ки 1500 метри мураббаъ замине, ки ба ширкати “Ҳусноро 1” вобаста шударо бекор кардаанд”, - мегуяд Фахриддин Умаров

Мост через реку Сырдарью. Архивное фото
© Sputnik / Борис Ушмайкин

Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд мегуяд, ки ҳоло  ширкати “Ҳусноро 1” аз сохтмони ин тарҳ даст кашидааст. Ба чи далел даст кашидани ин ширкатро Муҳаммадзода шарҳ надод.

“Ширкати сохтмонӣ барои оғози сохтмон ба кашолкорӣ роҳ дод. Мумкин аст, ки баъзе муаммоҳои техникӣ буданд. Ҳарчанд лоиҳаро ҳам таҳия карданд. Барои аз экпертизаи давлатӣ гузарониданд мутахассисони шаҳри Хуҷанд, пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии “Шаҳрофар”, худи КВД Лоиҳакаши шаҳр, сармеъмори шаҳри Хуҷанд иштирок доштанд. Имрӯз лоиҳа аз экспертизаи давлатӣ гузашт, лекин Ширкат бо сабабҳои номаълум то имрӯз ба сохтмон оғоз накард", - тавзеҳ медиҳад вай.

Мо дар дар ҷаласаҳои назди Раиси вилоят ин масъаларо муҳокима кардем ва ба хулоса омадем, ки ба шаҳрвандон аз ҳисоби буҷҷети давлатӣ хонаҳои истиқоматӣ сохта медиҳем.  Имрӯз корҳои сохтмонӣ оғоз гардидааст. Аз сабаби баланд будани сатҳи оби зеризамӣ мушкилиҳо ба вуҷуд омадааст. Мо боварӣ дорем, ки сохтмончиҳои мо ин бинои истиқоматиро дар муҳлатҳои муайаншуда сохта ба истифода медиҳанд. З2 оилае, ки бояд аз ин ҷо хонаҳои истиқоматӣ гиранд бо манзил албатта таъмин мешаванд, афзуд раиси шаҳр.

Лоиҳаи шаҳраки хитоӣ ва ё “China town”, дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиев и Хуҷанд  дар канори руди Сир иборат аз 7 комплекс биноҳои 12, 14, ва 16, қабата ва сохтмони мактаб ва дигар иншооти иҷтимоиро дар назар дошт, ки дар маҷмӯъ, барои 1200 оила пешбинӣ мешуд. Аммо ба даст кашидани ширкати “Ҳусноро 1” аз сохтмони ин шаҳрак, ҳоло мешавад танҳо орзӯ карду ангораи “China town” ро фақат рӯи қоғаз дид.

Ҳоло тавре мушоҳида мешавад як қисм аз замини  ин шаҳрак шабеҳи як партовгоҳи бузург буда, тарафи дигари  он, ки оби зери замин хандақҳоро пур кардааст,  як ҳавзи моҳидориро мемонад. Бо чунин вазъ маълум нест, ки 32 хонаводае, ки ба ваъдаи "China town"- ӣ  бовар карда, манзилашонро ҳамвор карданд, кай ба ҳуҷраҳои нави биноҳои баландошёна, ки бояд сохта шавад бармегарданд?!

622