Дар пойтахти Тоҷикистон намоишгоҳи байналмилалӣ "Тоҷикистон-2019. Баҳор” баргузор мегардад

© SputnikВыставка ярмарка продукции промышленных товаров Республики Узбекистан 2017
Выставка ярмарка продукции промышленных товаров Республики Узбекистан 2017 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намоишгоҳи байналмилалии универсалии “Тоҷикистон-2019. Баҳор” 28 март дар пойтахти кишварамон-шаҳри Душанбе оғоз ёфта, дар он молистеҳсолкунандагони ватанию хориҷӣ маҳсулоти худро ба намоиш мегузоранд

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik.  Бино бар иттилои Палатаи савдо ва саноати  Тоҷикистон хабар додааст, ки рӯзҳои 28 то 31-уми марти соли равон дар бинои Маҷмааи Давлатии “Кохи Борбад” Намоишгоҳи байналмилалии универсалии “Тоҷикистон-2019. Баҳор” баргузор хоҳад шуд.

Намоишгоҳи байналмилалии “Тоҷикистон -2019. Баҳор”  бо ибтикори Палатаи савдо ва  саноати Тоҷикистон  бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон  дар маҷмааи давлатии “Кохи Борбад”-и пойтахт гузаронида мешавад.

Выставка товаров Самарканда в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон
Аҳмадзода: намоиши молу маҳсулоти Самарқанд дар Суғд намунаи тавсеаи ҳамкориҳост

Намоишгоҳи байналмилалӣ дар масоҳати умумии 600 метри мураббаъ доман густурда, ҳадафаш  муаррифии молу маҳсулоти корхонаю ширкатҳои  тавлидотии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, ҷалби сармоя, рушди иқтисод дар мамлакат арзёбӣ мегардад.

Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии “Тоҷикистон -2019. Баҳор”  корхонаю ширкатҳои молистеҳсолкунандаи  ватанию хориҷӣ маҳсулоти худро  дар бахшҳои энергетика, технологияю таҷҳизот, саноати кимиё, мошинсозӣ, кишоварзӣ, сохтмон, хӯроки умумӣ, тиб ва дорусозӣ, технологияҳои иттилотӣ ва коммуникатсионӣ, нақлиёт ва логистика,  технология ва хизматрасонии бонкӣ, маснуоти заргарӣ, бастабандӣ ва табъу нашр,  сайру саёҳат  ва ҳунармандӣ ба намоиш гузоранд.

Намоишгоҳи байналмилалии “Тоҷикистон -2019.Баҳор” намоишгоҳи анъанавӣ маҳсуб ёфта,  он ҳамасола дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.

Дар доираи баргузории намоишгоҳ бизнес-форум бо иштироки доираҳои соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар назар дошта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0