Шаҳрдорӣ ба роҳбарияти “Боғи ҳайвонот”: ба шумо муҳлат камбудиҳоро зуд бартараф кунед

© Sputnik / Амир ИсаевЗоопарк в Душанбе. Архивное фото
Зоопарк в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гурӯҳи кории шаҳрдории Душанбе бо фаъолияти муассисаи давлатии “Боғи ҳайвонот”-и пойтахт аз наздик ошно шуда, ба роҳбарияти “Боғи ҳайвонот” барои бартараф намудани тамоми нуқсону камбудиҳои ҷойдошта муҳлат дод

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе, гурӯҳи мазкур зимни боздид аз “Боғи ҳайвонот”  муайян   кард,  ки дар самти таъмини шароити нигоҳдории ҳайвонот ва тозагии ҳуҷраҳо, инчунин роҳравҳои боғ  камбудиҳо ҷой доранд.

В зоопарке Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Мардуми Душанбе аз вазъи Боғи ҳайвонот ба Рустам Эмомалӣ шикоят бурданд

Манбаъ таъкид намудааст, ки иқдоми мазкур тибқи дастури Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳр  дар робита ба муроҷиати шаҳрвандон  доир ба  вазъи санитарӣ-экологии муассисаи  мазкур роҳандозӣ гардид.

“Аъзои гурӯҳи корӣ тамоми ҳуҷраҳо, панҷараҳо ва ҷойҳои махсуси нигоҳдории ҳайвонотро аз назар гузаронида, ба масъулин ҷиҳати таъмини шароити хуби санитариву экологии боғ, аз ҷумла нигоҳубини дурусти ҳайвонот, таъмини шароити нигоҳдошт бо риояи меъёрҳои марбута, таъмини масоҳати зарурӣ бо инобати ҳар як ҳайвони мавҷуда, пайваста тозаву озода нигоҳ доштани ҳуҷраҳои ҳайвонот, бартараф намудани бӯйи ғализ дар баъзе мавзеъҳои боғ, таъмини пурраи низоми корезӣ, нигоҳубин, ба тартиб даровардани ниҳолу дарахтон ва майсазору гулзор дар доираи имкониятҳои Муассиса дастур дода шуд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Инчунин, гурӯҳи кории мақомоти шаҳри Душанбе бо инобати он, ки имрӯз Боғи ҳайвоноти шаҳр ба яке аз ҷойҳои дидании сокинон ва меҳмонони пойтахт табдил гардидааст, роҳбарият ва кормандони Муассисаро муваззаф сохт, ки дар баробари таъмини тозагиву озодагӣ ва беҳсозии шароити санитариву экологӣ баҳри ба роҳ мондани хизматрасонии мусоир тадбир андешанд.

Душанбинский зоопарк - Sputnik Тоҷикистон
"Боғи ҳайвонот"-и Душанберо ба наздикии бозори "Корвон" мекӯчонанд

“Дар ин робита, ба масъулини Муассиса тавсия дода шуд, ки баҳри ҷорӣ намудани хизматрасонии муосир ба меҳмонону тамошобинон ба таври ғайринақдӣ-тавассути кортҳои электронӣ чораҳои зарурӣ роҳандозӣ намояд”, - қайд намуд манбаъ.

Мақомоти шаҳр зикр намуд, ки роҳбарияти муассисаи “Боғи  ҳайвонот”- и шаҳр вазифадор гардид, ки тамоми нуқсону камбудиҳои ҷойдоштаро дар кӯтоҳтарин муҳлат бартараф намуда, ҷиҳати роҳ надодан ба чунин ҳолатҳо назорати доимӣ ба роҳ монад.

Ёдрас мешавем, ки “Боғи ҳайвонот”-и шаҳри Душанбе соли 1960 бунёд гардида, то имрӯз фаъолият мекунад. Ҳоло дар ин макони вуҳуш 135 навъи ҳайвонот бо шумораи умумии 985 сар маскун мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0