Сотовый телефон, архивное фото

Дар шаҳри Бӯстон мард барои телефони мобилӣ занро кушт

909
Кормандони милитсияи Тоҷикистон марди 30-солаеро дастгир намуданд, ки дар куштани шудани зани 38-сола дар шаҳри Бӯстон гумонбар дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсияи кишвар марди 30-сола, ки барои телефонии мобилӣ занро ба қатл расондааст, дастгир намуданд.  

Манбаъ хабар додааст, ки рӯзи 27-уми марти соли равон, тахминан соати 08:20-дақиқа, дар назди партовгоҳи маҳаллаи Рӯдакии шаҳри Бӯстон ҷасади зани 38-солаи сокини шаҳри мазкур, зодаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бе ҷойи зисти доимӣ, бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд. 

Топор, архивное фото
© Sputnik / Константин Чалабов

“Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди рустабори 30-солаи зодаи шаҳри Истаравшан, бе ҷои зисти доимӣ, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони одамкушӣ дастгир карда шуд”,- қайд намудааст манбаъ. 

Дафтари матбуоти ВУД таъкид намудааст, ки номбурда, рӯзи 25-уми марти соли равон, тахминан соати 17:30-дақиқа, ҳангоми дар маҳаллаи Рӯдакии шаҳри Бӯстон қарор доштанаш, зани ҷабрдидаро барои тасарруф намудани телефони мобилиаш тамғаи “Алкател” гумонбар ҳисобида, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтан ба узвҳои ҳаётан муҳимаш як чанд маротиба задааст. 

Манбаъ афзудааст, ки дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 

дар ҳоли ҳозир кормандони милитсия нисбати марди гумонбар парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, тафтишотро идома доранд.

909
Барчаспҳо:
телефони мобилӣ, зан, Исфара, қатли одам, қатл, куштор, Тоҷикистон