Бонки миллӣ арзиши доллар, рубл ва евроро барои имрӯз эълон кард

© Sputnik Сомони и рубли, архивное фото
Сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро дар бозори нақд барои имрӯз эълон кард

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, имрӯз арзиши 1 рубли русӣ дар бозори нақди кишвар аз 0.1448 то 0.1470 сомониро ташкил медиҳад.

БМТ афзудааст, ки дар дар бозори нақди кишвар имрӯз 1 доллари ИМА аз 9.4387 то 9.4400 сомонӣ 1 евро аз 10.6006  то 10.6600 сомонӣ арзиш дорад.

Ба иттилои манбаъ имрӯз қурби миёнаи расмии 1 доллари ИМА — 9.4387  сомонӣ, 1 евро – 10.6006 сомонӣ ва 1 рубли русӣ — 0.1448 сомонӣ мебошад.

Бонки Миллӣ ҳушдор додааст, ки берун аз бонкҳо, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо мубодилаи асъор қатъиян манъ мебошад ва нақзи меъёри мазкур ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ дар пай дорад.

Лентаи хабарҳо
0