Добыча сланцевой нефти в Колорадо, США

Тавлиди нафт дар Тоҷикистон коҳиш ёфт

227
Тоҷикистон дар моҳҳои январ ва феврали соли ҷорӣ ҳудуди  43,4 тонна бензин ва 835,4 тонна сӯхзишвории дизелӣ тавлид кардааст

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Тоҷикистон дар моҳҳои январ ва феврали соли ҷорӣ ҳудуди 3,7 ҳазор тонна нафт тавлид кардааст, ки ҳаҷми ин дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 1,8 дарсад коҳиш ёфтааст, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Бино ба иттилоъи вазорати энержӣ ва захоири обии Тоҷикистон, дар ин муддат дар Тоҷикистон 43,4 тонна бензин ва 835,4 тонна сӯхти дизелӣ тавлид шуд.

Ин дар ҳолест, ки дар моҳи феврал Тоҷикистон беш аз 27,4 ҳазор тонна маводди нафт ба арзиши беш аз 18 миллион доллар ворид кард.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта Тоҷикистон ба арзиши 310,8 миллион доллар 446 ҳазор тонна маводди нафт ворид карда буд. Нархи миёнгини як тонна маводди нафт 696 доллар буд.

Ёдовар мешавем, ки Русия содиркунандаи аслии маводди нафт ба Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунин, Тоҷикистон аз Туркманистон, Қазоқистон ва дигар кишварҳо низ маводди нафт ворид мекунанд.

227
Барчаспҳо:
сӯзишворӣ, истеҳсол, тавлид, нафт, Тоҷикистон