Президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Раҳмон ба кӯдакони ятим дар Суғд пул, ширинӣ ва либос дод

707
Ҳамчунин аба 50 кӯдаки ятим аз ҷониби раисҷумҳур дастрахони идона ороста шуд

ДУШАНБЕ, 30 мар - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ҳангоми иффтитоҳи Маҷмаи хизматрасонии "Баҳор" ба 50 кӯдаки ятими кулл тӯҳфа дод.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, тӯҳфаҳо аз маблағҳои пулӣ, сару либос ва ширинӣ иборат буданд.

Ҳамчунин барои кӯдакон хони наврӯзӣ ороста шуд.

Корҳои сохтмонӣ дар маҷмаа моҳи сентябри соли 2017 оғоз гардида, иншоот аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ Мадина Самандарова ва Икром Содиқов сохта шудааст. Ошёнаи якуми маҷмааи хизматрасонӣ барои кошонаи ҳусн ва маркази савдо, ошёнаи дуюм барои тарабхона ва ошёнаи сеюм барои меҳмонхона пешбинӣ гардидааст.

Меҳмонхонаи маҷмааи хизматрасонӣ бо 18 ҳуҷра метавонад дар як вақт то 36 нафарро қабул намояд.

Баъди мавриди истифода қарор гирифтани Маҷмааи хизматрасонии “Баҳор” дар маркази шаҳри Бӯстон 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Иншоот аз 3 ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 623,8 метри мурабаъро ташкил медиҳад. Маблағи умумии барои корҳои сохтмонӣ харҷшуда зиёда аз 4 миллион сомониро дар бар мегирад. Саҳни бино тибқи талаботи меъморию шаҳрсозӣ зебою назаррабо гардонида шудааст.

707
Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (222)
Сотрудники птицефабрики, архивное фото

Гӯшти мурғ арзон мешавад: дар Данғара бузургтарин фабрикаи парандапарварӣ сохта мешавад

5
(Таҷдидшуда 17:24 06.07.2020)
Гуфта мешавад, ки дар сурати пурра ба фаъолият оғоз намудани корхонаи парандапарварӣ дар он 270 нафар ба ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳад гашт

ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. То таҷлили 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон  бузургтарин фабрикаи парандапарварӣ ба истифода дода мешавад.

Ин комплекси муҳташами парандапарварӣ дар деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхии Ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи мазкур  бунёд гардида, мувофиқи лоиҳа, дар ин ҷо 24 бинои мурғхона — ҳар кадом бо дарозии 96 метр бунёд мегардад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Бино ба гузориши манбаъ, ҳоло дар минтақаи мазкур  корҳои сохтмонии 12 мурғхона бомаром  идома  дорад. Роҳбарияти  корхонаи мазкур бо мақсади сари вақт ва бо сифати баланд таъмин намудани сокинону меҳмонони пойтахти мамлакат бо гӯшти болаззати парҳезӣ дар шаҳри Душанбе бунёди бинои салоҳхонаи фабрика барои забҳи парандаро  ба нақша гирифтааст.

Тавре муовини раиси Ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара Фарҳод Саймуродзода гуфтааст,  фабрикаи парандапарварӣ яке аз  калонтарин  иншооти ҷашнӣ маҳсуб ёфта, самти асосии фаъолияти корхонаи мазкур  истеҳсоли гӯшти парандаи зотӣ (Бройлер) мебошад.

Тибқи иттилои  роҳбари ширкати  сохтмонии "Мармарӣ" Ҷаҳонгир Раззоқов иқтидори истеҳсолии  корхонаи парандапарварӣ  дар як сол беш аз 5140 тонна гӯшти парҳезиро ташкил дода, тибқи лоиҳа, дар дохили он 2 сардхонаи муосир барои нигоҳдории маҳсулоти тайёр бо ғунҷоиши 1 ҳазору 200 тонна гӯшт сохта мешавад. Маҷмааи парандапарварӣ аз 30 иншоот, аз ҷумла биноҳои мурғхонаҳо, инкубаторӣ, анбор, санитарӣ, маъмурӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Гуфта мешавад, ки дар сурати пурра ба фаъолият оғоз намудани корхонаи парандапарварӣ дар он 270 нафар ба ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳад гашт.

Баъди ба истифода додани комплекси парандапарварӣ дар навбати аввал тухми инкубатсионӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид карда мешавад. Тибқи нақша,  дар оянда  корхона баҳри паст кардани арзиши аслии маҳсулот ва аз байн бурдани вобастагӣ аз воридоти он аз хориҷи мамлакат  истеҳсоли тухми инкубаториро дар дохили корхона ба роҳ мемонад.

Мутобиқи лоиҳа, обе, ки пас аз забҳи мурғ боқӣ мемонад, тавассути таҷҳизоти махсуси тозакунӣ коркард ва барои шустушӯи мурғхонаҳо, инчунин, обёрии заминҳои назди корхона истифода бурда мешавад.

Ҳамчунин, дар ин корхона дар оянда коркарди пурраи гӯшти паранда ва истеҳсоли ҳасибҳои гуногун дар назар аст. Ҳамаи техникаҳо, хатҳои истеҳсолӣ ва технологияи корхона аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Русия ва Чин ворид карда мешаванд.

5
Барчаспҳо:
парандапарварӣ, корхона, Данғара
Учения спасательного отряда в водоеме, архивное фото

Наҷоти се ҷавон аз ғарқшавӣ дар обанбори “Барқи тоҷик”

31
(Таҷдидшуда 16:51 06.07.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз наҷоти се ҷавон дар обанбори “Барқи тоҷик” ”-и шаҳри Гулистон хабар дод

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Ба нақл аз дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон,  рӯзи 5 – уми июли соли равон кормандони бахши наҷоти Раёсат, ки дар обанбори “Баҳри Тоҷик”-и шаҳри Гулистон қисми навбатдорӣ ташкил намудаанд, 3 нафар шаҳрвандонро аз ғарқшавӣ наҷот доданд. Ду нафари онҳо ноболиғи 13-сола буда, яке 21 сол доштааст.

Бино ба гузориши Раёсат ноболиғон сокинони шаҳри Хуҷанд ва ҷавони 21-сола зода ва сокини деҳаи Роғи, ҷамоати Палдораки ноҳияи Масчо будаанд. 

Дар ҳамин ҳол, манбаъ аз ғарқ шудан ва ҳалокат расидани як сокини 22-сола дар дарёи Кофарниҳон хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, санаи якшанбе, 5-уми июл як зодаи шаҳри Кӯлоб, ки ҳоло муваққатан дар хобгоҳи маҳалли Гипроземи шаҳри Душанбе истиқомат дошт, ҳангоми оббозӣ дар қаламрави деҳаи Қарияи Камари ноҳияи Рӯдакӣ дар Кофарниҳон ғарқ шудааст. 

Амалиёти ҷустуҷӯи ҷасади ғарқшуда то фаро расидани торикӣ идома дошт, вале ҷасад пайдо нашуд. Корҳои ҷустуҷӯву наҷот дар минтақа идома дорад.

Ҳамзамон манбаъ зикр кардааст, ки танҳо зарфи ду рӯзи охир хабари марги 4 нафар дар обҳои кишвар расид, ки ин наметавонад нигаронкунанда набошад.

КҲФ қайд кардааст, ки сабаби аслии ин ҳодисаҳои нохӯш надонистани қоидаҳои шиноварӣ ва бепарвоии волидон аст, ки фарзандони ноболиғи худро тани танҳо ба оббозиву шиноварӣ иҷозат медиҳанд.

31
Барчаспҳо:
наҷот, ғарқшавӣ, ҷавон, Гулистон, обанбор, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, Тоҷикистон