Ёдрасӣ аз ятимии Турсунзода ва дасти сахои соҳибкорон: суҳбати Раҳмон бо ятимон дар Хуҷанд

193
Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафар ба шаҳри Хуҷанд бо кӯдакони ятим дидору мулоқот кард.

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар суҳбат бо кӯдакони ятим дар шаҳри Хуҷанд аз ятим будани Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода мисол оварду дар бораи ғамхории давлату ҳукумат ва соҳибкорони ватанӣ ёдрас шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд сафар кард

Дар ин бора хадамоти матбуотии раисҷумҳур хабар медиҳад.

Раисҷумҳур изҳори боварӣ кард, ки ҳар яки кӯдакон ба туфайли ғамхориҳои давлат ва Ҳукумати мамлакат ҳамчун насли шоиста ба воя мерасанд ва дар оянда ба ҳайси мутахассисони кордону боистеъдод дар ободиву пешрафти Ватан саҳми фарзандии худро мегузоранд.

Ба иттилои манбаъ, алҳол дар кишвар 71 ҳазор ятимон, аз ҷумла дар вилояти Суғд 467 нафар ятимони кулл зиндагӣ мекунанд, ки ҳамаи онҳо таҳти ғамхории давлат қарор доранд.

Раҳмон ба кӯдакони ятим дар Суғд пул, ширинӣ ва либос дод

Худи ҳаёт моро водор месозад, ки нисбат ба ин гуна ашхос бетараф набошем, дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ зоҳир кунем ва барои онҳо дар овони кӯдакиву наврасӣ сатҳи зиндагии шоистаро таъмин намоем, то ки онҳо ҳамчун насли арзандаи Ватан ба камол расанд,-гуфт раисҷумҳур.

"Дар ин маврид як мисол меорам. Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири маъруфи Машриқзамин Мирзо Турсунзода, ки бармаҳал ятим монда буд, ҳамчун тарбиятгирандаи мактаб-интернат таҳти ҳимояти давлат қарор дошт".

Тарбияи дурусти устодон ва зеҳни фавқулодаи Мирзо Турсунзода имкон дод, ки ӯ ҳамчун шахси ватанпарвар ва тараннумгари дӯстӣ ба камол расида, Ватани худро чун модар дӯст дорад ва ин эҳсоси самимии худро дар ашъораш васфу ситоиш намояд ва номи Тоҷикистони азизро дар тамоми олам машҳур созад-гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Ба гуфти президент, садҳо ва ҳазорон нафар чунин шахсон имрӯз низ дар ҷомеаи мо мавқеи худро пайдо кардаанд ва хизмати халқу Ватанро шарафмандона ба ҷо меоранд, соҳиби нуфузу обрӯ ҳастанд ва барои дигарон намунаи ибрат мебошанд.

"Итминон дорам, ки аз байни шумоён, фарзандони азиз, дар оянда муҳандисону омӯзгорон, олимону кишоварзон, табибону ходимони фарҳанг ва ҳуқуқшиносони варзида ба камол расида, ифтихори Тоҷикистони озоду соҳибистиқлоламон мегарданд".

Эмомалӣ Раҳмон бо муроҷиат ба кӯдакон гуфт, ки "Шумо бояд донед, ки аз ҷумлаи кӯдакони хушбахти замони истиқлолият ҳастед, зеро Ватани озоду обод доред ва давлате доред, ки дар ҳаққи шумо пайваста ғамхорӣ менамояд".

Ба гуфти ӯ аҳли ҷомеаи мо, бахусус, соҳибкорону шахсони баландҳиммати кишвар дар баробари Ҳукумати мамлакат дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат саҳми арзанда мегузоранд.

Дар ин росто Эмомалӣ Раҳмон дастгирии ятимону бепарасторонро имрӯз аз самти афзалиятноки фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, гуфт.

193
Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (153)