Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қатъи пеш аз муҳлати ваколатҳои Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода

2600
Ваколати Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология ҳафтаи равон қабл аз муҳлат қатъ карда шуд

ДУШАНБЕ, 31 мар – Sputnik. Дар қарори Маҷлиси миллӣ таъкид шудааст, ки бинобар  мутобиқат накардани вазифаи ишғолнамудаи Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба узвияти Маҷлиси миллӣ,  ваколати ӯ қабл аз муҳлат қатъ гардид.

Инчунин аъзои палатаи болоии парлумон 29 март дар иҷлосияи 18-ум қарор кардаанд, ки Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ  бо “Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шавад.

Тасмими мазкури Маҷлиси миллӣ дар ҳолест, ки бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи январи соли равон  Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ аз вазифаи раиси вилояти Хатлон озод карда шуд.  Гулмаҳмадзода бо қарори Ҳукумат, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Дар назар аст, ки ҷойгузини Гулмаҳмадзода дар палатаи болоии парлумон Ҳакимзода Қурбон гардад, ки бо фармони раисиҷумҳур ӯро дар мақоми раиси вилояти Хатлон иваз кард.

2600