Что происходило после ДТП — видео очевидца с места страшной аварии

Пахши пиёдагарди сархуш ва фирор аз ҷойи ҳодиса

1067
Ронанда баъди пахш намудани пиёдагард аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Рӯзи 31-уми марти соли 2019, автомашинаи тамғаи, рақами давлатӣ ва ронандааш номаълум, дар роҳи ноҳияи Шаҳритус ва Қубодиён пиёдагардеро пахш карда ба ҳалокат расонидааст, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Манбаъ афзудааст, ки  ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер”, рақами давлатиаш 52-60 СС-03, ки ба шаҳрванд Турсунмуродов Баҳридин, соли таваллудаш 1984, сокини деҳаи Сангобаи ноҳияи Қубодиён тааллуқ дорад, дастгир карда шуд. Зимни пурсиш ронанда пурра иқрор шуд, ки ҷинояти мазкурро ӯ содир намудааст.

Ҳодиса дар деҳаи Н. Махсуми ноҳияи Қубодиён, бо сабаби бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавонистани, пиёдагард Норов Ҷӯрабек Иброҳимович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Шаҳритус, ки дар ҳолати мастӣ қарор доштааст рух додааст. Ронанда баъди пахш намудани пиёдагард аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дар натиҷа, Норов Ҷ.И. ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

1067
Барчаспҳо:
пахши мошин, пиёдагард, ВУД, Тоҷикистон
Самолеты на взлетно-посадочной полосе, архивное фото

Эрон 70 шаҳрвандашро аз Тоҷикистон баргардонд

37
(Таҷдидшуда 15:24 15.08.2020)
Сафири Эрон дар Тоҷикистон ахиран аз бозгашти 70 шаҳрванди эронӣ аз ин кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Муҳаммадтақии Собирӣ дар саҳифаи Твиттераш навиштааст, ки бо тамҳидот ва пайгириҳои ба амал омада, севумин гурӯҳ (70 тан) аз шаҳрвандони эронӣ, ки дархости бозгашт аз Тоҷикистон ба кишварамонро доштанд, рӯзи  13 август бо парвози фавқулодаи ширкати ҳавопаймоии "Вориш" аз шаҳри Душанбе ба Эрон бозгаштанд, иттилоъ додааст "Садои Хуросон".

Ба гуфтаи вай, рӯзи панҷшанбе ҳамчунин 60 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Эрон ҳузур доштанд бо парвози ихтисосии ширкати ҳавоии “Вориш” аз Машҳад ба Душанбе парвоз карданд.

Бо баста шудани ағлаби марзҳои ҳавоӣ бар асари ҳамагирии вируси корона, бисёре аз давлатҳо бо парвозҳои ихтисосӣ шаҳрвандони худро ба кишварҳояшон мунтақил мекунанд.

Ин аввалин маротиба нест, ки Эрон шаҳрвандони худро аз Тоҷикистон эъзом мекунад.

Ёдрас мешавем, ки 24 феврали соли равон кишварҳо дар паи ҳамагирии коронавирус то ба эътидол омадани вазъият, алоқаи ҳавоиро мутаваққиф гузоштанд.

То ин дам аз Эрон ба Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии эронии Varesh Airlines парвоз мекард. Ҳавопаймо як бор дар як ҳафта тариқи хатсайри Машҳад-Душанбе-Машҳад ва Теҳрон-Душанбе-Бишкек-Душанбе-Теҳрон парвоз анҷом медод.

Дар навбати худ аз пойтахти Тоҷикистон ба Эрон ширкатҳои ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр" парвоз мекарданд.

37
Барчаспҳо:
Ватан, бозгашт, сафир, шаҳрванд, Тоҷикистон, Эрон
Посол Ирана в Таджикистане Мухаммажтаки Собири

Таслияти сафири Эрон дар Тоҷикистон аз даргузашти Гулназар Келдӣ

49
(Таҷдидшуда 14:47 15.08.2020)
Сафири Эрон дар Тоҷикистон дар паёме даргузашти Гулназар Келдӣ, нависанда, шоири шаҳир ва сарояндаи суруди миллии Тоҷикистонро таслият гуфт

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории “Парстудей”, Муҳаммадтақии Собирӣ дар ин паём изҳор дошт, ки бо даргузашти Гулназар Келдӣ, ҷомеаи илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон яке аз шахсиятҳои худро аз даст дод.

“Ин муҳаққиқи номошнои тоҷик, даврони умри пур хайру баракаташро дар ҷиҳати эътилои забон ва адаби муштаракамон сипарӣ намуд ва осор ва ёдгорҳои арзишманди ӯ дар ҳавзаи адабиёти порсӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Эрон низ бисёр шинохташуда ва мавриди таваҷҷуҳ мебошад”, афзудааст сафири Эрон дар Тоҷикистон.

Собирӣ афзуд, инҷониб зимни арзи таслият ба бозмондагон, миллат ва кишвари дӯст ва ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Тоҷикистон, аз Худованди бузург барои он марҳум оромиши абадӣ ва ҷаннати маконӣ ва барои бозмондагонаш сабру шикебоӣ орзу мекунам.

Гулназар Келдӣ, шоири мардумии Тоҷикистон дар сентябри 1945 дар минтақаи Айнии вилояти Суғд ба дунё омад ва 24 сол дошт, ки нахустин маҷмӯаи ашъораш бо нома «Расми сарбозӣ» интишор ёфт ва мавриди истиқболи шоирони замон воқеъ шуд.

Дастархон, Нардабон, Ағба, Паҳно, Лангар, Пайи дарё ва Ҷашми нигин аз ҷумла маҷмӯаи шеърҳои мунташиршудаи Гулназар Келдӣ ҳастанд.

Гулназар Келдӣ аз ҷумлаи саршиностарин шоирони Тоҷикистон буд, ки ашъораш ба хатти форсӣ дар Эрон ва Афғонистон ба чоп расид ва шеърҳои чандин шоири машҳури русро низ ба форсии тоҷикӣ тарҷума кард.

Гулчине аз ашъори устод Гулназар Келдӣ бо номи «Забони ошиқӣ» ба кӯшиши марҳум Қайсари Аминпур, шоири барҷастаи муосири эронӣ, дар интишороти Сурӯши Эрон ба чоп расидааст.

49
Барчаспҳо:
сафир, паём, Гулназар Келдӣ, ҳамдардӣ, таслият, Эрон, Тоҷикистон
Ҳунарнамоии тими мунтахаби ҶТ дар марҳалаи selfdefence

Саломатии иштирокчиён муҳимтар аз ҳама: лағви Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таеквандо

0
(Таҷдидшуда 16:20 15.08.2020)
Шӯрои Таеквондои ҷаҳонӣ чемпионати ҷаҳон оид ба таеквондо миёни наврасонро дар соли 2020, ба хотири ҳифзи саломатии иштирокчиён, барҳам дод

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Ҷаласаи шӯро тариқи онлайнӣ сурат гирифт ва аъзои он розӣ шуданд, ки масъалаи амнияти оилаи таеквондо дар ҷои аввал меистад, хабар медиҳад Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, пас аз машварат бо федератсияҳои миллӣ, кумитаҳои Таеквондои ҷаҳонӣ, бахусус кумитаи тиббӣ ва зидди допинг ва дар мувофиқа бо мақомоти тандурустии маҳаллӣ оид ба барҳам додани чемпионати имсола қарор қабул гардид.

Ҳафт паҳлавони тоҷик барои иштирок дар мусобиқа ба Марокаш мераванд

Софияи Булғористон, ки мебоист чемпионати имсоларо моҳи октябр мизбонӣ мекард, акнун чорабиниро соли 2022 қабул мекунад.

"Мо аз он ки имсол чемпионати ҷаҳон миёни наврасонро дар София баргузор карда наметавонем, андуҳгинем. Вале бароямон ҳамеша возеҳ аст, ки солимии оилаи таеквондои ҷаҳонӣ бояд дар ҷои аввал бошад. Пас аз машварат ва баррасиҳои зиёд ба хулоса омадем, ки баргузор кардани чемпионат дар соли равон хатар дорад. Мо бовар дорем, ки соли 2022 София чорабиниро бошаҳомат мегузаронад", изҳор доштааст президенти ташкилоти "Таеквондои ҷаҳонӣ" Чунгвон Чоу.

Қарор дар бораи финали Гран прӣ дар Канкун-2020 (Мексика) ва Гранд слам дар Вуши-2020 (Чин), ки охири соли равон ба нақша гирифта шудааст, моҳи октябр дар ҷаласаи навбатии шӯро қабул карда мешавад. То он замон Таеквондои ҷаҳонӣ бо ташкилкунандагон ва ҷонибҳои дахлдор ҷиҳати огоҳ будан аз вазъияти ин кишварҳо дар тамоси доимӣ хоҳад буд.

0