Раиси ноҳияи Ҳамадонӣ аз Бонки Ҷаҳонӣ барои кашидани хатҳои барқ кумак хост

© Фото : PixabayТелефонный столб с проводами.
Телефонный столб с проводами. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Одиназода Бозоралӣ Неъмат, раиси ноҳияи Ҳамадонӣ зимни мулоқот бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ барои беҳтар намудани беҳтар намудани инфрасохтори деҳот кумак хост

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Одиназода Бозоралӣ Неъмат, раиси ноҳияи Ҳамадонӣ ахиран бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ масъалаи кашидани хатҳои барқӣ ва зеристгоҳҳои барқӣ дар деҳаҳои навбунёди ноҳияро баррасӣ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон.

Хакимзода Курбон председатель Государственного комитета по земельному управлению и геодезии при правительстве Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Хатлон тасмим дорад зарфияти содиротии минтақаро зиёд намояд

Бино бар иттилои манбаъ, намояндагони Бонкӣ Ҷаҳонӣ ахиран вориди ноҳия шуда, бо мақомоти ноҳия мулоқот анҷом доданд.

Зимни мулоқот тарафҳо масъалаи беҳтар намудани инфрасохтори деҳот аз ҷумла, кашидани хатҳои барқӣ ва зеристгоҳҳои барқӣ дар деҳаҳои навбунёди ноҳия ва ғайра матраҳ гардид.

Манбаъ таъкид намудааст, ки раиси ноҳия намояндагони Бонки Ҷаҳониро барои ҳамкорӣ дар ин самт даъват намуд.

Гуфта шудааст, ки намояндагони бонки ҷаҳонӣ таклифу пешниҳодҳои раиси ноҳияро пазируфта, барои минбаъд дар ноҳия татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоягузории Бонки Ҷаҳонӣ ҳавасманд гардиданд.

Ёдрас мешавем, ки ар давоми ду моҳи соли равон ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 1,5 миллиард сомонӣ (160,4 миллион доллар) сармоя ворид гардидааст.

Омори мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,1 дарсад зиёд будааст.

Дар ҳамин ҳол, дар ҳамин давра иншоотҳои соҳаи истеҳсолоти  кишвар беш аз 1 миллиард сомонӣ ва соҳаи ғайриистеҳсолӣ беш аз 428,9 миллион сомониро аз худ карданд.

Барои сохтмони иншоотҳои энергетикӣ 835 миллион сомонӣ ва дар соҳаи нақлиёту алоқа 44,6 миллион сомонӣ масраф шудааст.

Лентаи хабарҳо
0