Ҳалокати кӯдак дар пайи садама дар Ховалинг

Пахши кӯдаки 3-сола дар Ҷайҳун ва марди 41-сола дар шаҳри Леваканд

64
Ронандаи автомашинаи тамғаи “ГАЗ-330210”, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди 3-соларо пахш намудааст

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Дирӯз дар натиҷа рух додани садама як кӯдаки 3-сола дар ноҳияи Ҷайҳун ва як марди 41-сола дар Левақанд ба ҳалокат расидаанд, иттилоъ додааст Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Манбаъ афзудааст, ки 31-уми марти соли 2019, тахминан соати 13:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ГАЗ-330210”, Ҳасанов Рустам Абдурашидович, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Гулшан ба самти деҳаи Вахши ноҳияи мазкур аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Шокиров Умар Азимхӯҷаевич, соли таваллудаш 2016, сокини деҳаи Телманро пахш намудааст.

Дар натиҷа, хурдсол Шокиров У.А ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Рӯзи 31-уми марти соли 2019, тахминан соати 15:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Лоиқов Ҷаҳонгир Нозимҷонович, соли таваллудаш 1999, сокини деҳаи Гулистони шаҳри Леваканд, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Леваканд аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Ашуралиев Маҳмадраҷаб Куганович, соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Вахшро пахш намудааст.

Дар натиҷа, Ашуралиев М.К ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

64
Барчаспҳо:
ҳалокат, пахш, кӯдак, садама, Тоҷикистон