Зафар Суфи. Архивное фото

Зафари Сӯфӣ дигар узви Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон нест

179
Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон Зафари Сӯфӣ - муассиси хабаргузории “Озодагон”- ро аз узвияти иттиҳодия ихроҷ кард

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik.  Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон, рӯзи 30-юми март сабаби берун кардани Зафари Сӯфӣ - муассиси хабаргузории “Озодагон”-ро дар иштирок накардани ӯ дар ҳаёти Иттифоқи нависандагон ва мувофиқат накардани мавқеи иҷтимоияш бо мавқеи иҷтимоии Иттифоқи нависандагон рабт додааст. 

Низом Қосим, раиси Иттиҳодияи нависандагон, рӯзи 30-юми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ таъкид намудааст, ки сабаби ронда шудани чанд нафар ин аст, ки аз иттифоқ бисёр дур шуданд ва бо он ягон робита надоранд. Ба иттифоқ ягон ҳисобот пешниҳод намекунанд. Дур аз Ватан ҳастанд ва талаботи оинномаро иҷро карда наметавонанд.

Дар ҳамин ҳол Зафари Сӯфӣ дар суҳбат ба ҳамин расона гуфтааст, ки қаблан дар бораи ихроҷ шуданаш аз Иттиҳодияи адибон огоҳӣ нагирифта буд. Дар ҳоле ки, бо муовини раиси Иттиҳодия дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста тамос дошт.

“Ҳеч вақт нагуфта буданд, ки чунин чизе дар назар аст. Ба ҳар ҳол, қарор қабул шудааст ва агар ҷиддан гӯем, барои ман фоҷеа нест”, - афзуд вай.

Зафари Сӯфӣ – шоир ва муассиси хабаргузории “Озодагон” аз соли 2004 узви ин созмони эҷодӣ буд.

Зафари Сӯфии 55-сола муаллифи китобҳои ашъори “Наҷво” (1991), “Пажвоки дардҳои гунг” (2000), “Пушти пардаи пиндор” (2003) ва “Садои сукут” (2006) аст, ки дар Душанбеву Теҳрон ва Машҳад нашр шудаанд. Дар бахши тарҷума низ корҳое анҷом додааст, ки намунаи он ду филми бадеӣ ва чанд намоишнома мебошад, ки бархе аз онҳо то ҳол дар Театри лӯхтаки пойтахт ба намоиш гузошта мешаванд.

Фаъолияти хабаргузории “Озодагон” соли 2017 ва фаъолияти нашрияи “Озодагон” охири соли гузашта қатъ шуд. 

179
Барчаспҳо:
канор, ихроҷ, Зафар Сӯфӣ, "Озодагон", Тоҷикистон