Туристы в горах Таджикистана, архивное фото

Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ доир ба гардишгарӣ санади ҳамкорӣ имзо карданд

112
(Таҷдидшуда 19:24 01.04.2019)
Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ тасмим гирифтанд ҳамкориҳои гардишгариро тақвият бахшанд

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ барои роҳандозии ҳамкорӣ дар заминаи гардишгарӣ санади марбутаро имзо карданд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА дар истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, Нӯъмон Абдуғаффорзода, раиси ин кумитаи ва Ю Жеёк, раиси Созмони гардишгарии байналмилалии Кореяи Ҷанубӣ дар поёни ҳафтаи гузашта дар Душанбе мулоқот карданд.

Зимни мулоқот тарафҳо дурнамо ва имконоти ҳамкории ду кишвар дар заминаи гардишгариро баррасӣ карданд.

“Аз ҷумла, масоъили баргузории нишасти ширкатҳои гардишгарии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ, созмону роҳандозии намойишгоҳҳои гардишгарӣ ва омӯзиши таҷрубаи Кореяи Ҷанубӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин, баргузории давраҳои омӯзиши кормандони заминаи гардишгарии Тоҷикистон ва ҷазби мутақобилаи гардишгарони ду кишар баррасӣ шуд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Инчунин, дар анҷоми мулоқот ёддошти ҳамкорӣ дар заминаи гардишгарӣ миёни кумитаи рушди гардишгарии Тоҷикистон ва Созмони гардишгарии байналмилалии Кореяи Ҷанубӣ ба имзо расид.

Тибқи омори расмӣ дар соли гузашта Тоҷикистон 1 ҳазору 363 гардишгари Кореяи Ҷанубӣ боздид намудааст.

112
Барчаспҳо:
ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ, ёддошти ҳамкорӣ, ҳамкорӣ, гардишгарӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Тоҷикистон
Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото

Омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон

229
То санаи 20 сентябр дар мамлакат 8108 (86,7%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 73 нафар фавтидаанд.

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, то шоми имрӯз дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  9346  нафар баробар гардид.

Бино бар иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир 115 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 42 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Ҳамзамон, то санаи  20 сентябр дар кишвар  8108  (86,7%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 73  нафар фавтидаанд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Зарари бесобиқаи коронавирус ба иқтисоди ҷаҳон: 5 сол барои барқароршавӣ лозим

Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

229
Школьники в новой школе района Рудаки

Озмун барои дарёфти стипендияи президентӣ: 10 нафар пирӯз шуданд

61
Аз 16 то 24 сентябр бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат озмун барои дарёфти стипендияи президентӣ гузаронида мешавад

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дар Кӯлоб дар озмун барои дарёфти стипендияи президентӣ 10 нафар пирӯз шуданд, гузориш медиҳад Вазорати маорифи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, дар шаҳри Кӯлоб барои дарёфти стипендияи президентӣ байни хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумии ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ озмун оғоз гардид.

Дар он 24 нафар довталабоне, ки танҳо бо баҳои аъло таҳсил намуда истодаанд, иштирок намуда, аз миёни онҳо 10 нафар ҳамчун гирандагони Стипендияи президентӣ муайян мегарданд.

Аз 16 то 24 сентябр бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишшаҳру ноҳияҳои кишвар озмун барои дарёфти стипендияи президентӣ гузаронида мешавад.

Озмуни мазкур ба тарзи шаффоф гузаронида шуда, дар он ба савияи дониш ва лаёқати довталабон диққати асосӣ дода мешавад.

Рустами Эмомалӣ барои барандаҳои стипендия ним миллион сомонӣ ҷудо кард

Ҳадаф аз баргузории озмун  дастгирии моддиву маънавӣ, пайдо намудани хонандагони болаёқату фаъол ва бедорсозии ҳисси хештаншиносии наврасону ҷавонон мебошад.

61

Муроҷиати видеоии Путин ба Маҷмаи умумии Созмони милал

0
(Таҷдидшуда 21:23 20.09.2020)
Ин муроҷиати видеоии Владимир Путин, раисҷумҳури Русияро тамоми ҷаҳон дар рӯзи ифтитоҳи нишасти ҳафтоду панҷумини Маҷмаи умумии СММ тамошо хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар нишасти 75-умини Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид иштирок мекунад.

Тавре телевизиони "Россия 1" гузориш медиҳад, президент аллакай махсус барои Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид муроҷиати видеоӣ сабт кардааст.

Дар навор дида мешавад, ки Путин дар назди овезае, ки дар он "Ояндаи ҳама бо қувваи ҳама" навишта шудааст, суханронӣ мекунад.

Афзун бар ин дар навор, бастаи ғафсеи коғазҳоро метавон дид, ки бо он сарвари кишвар навор сабт кардааст.

Ҳафтаи дараҷаи олии нишасти 75-уми Маҷмаи умумии СММ дар Ню-Йорк аз 22 то 29 сентябр баргузор мешавад.

Бо далели пандемия, чорабинӣ дар "формати виртуалӣ" баргузор мешавад. Дар ҳамин ҳол, дар толор аз ҳар як кишвар як намоянда иштирок хоҳад кард.

СММ: муҳоҷирони Осиёи Миёна дар кишварҳои Аврупо ҳавзаҳои террористӣ ташкил доранд

Маҷмаи умумӣ ба роҳбарони кишвар ва вазирон пешниҳод кардааст, ки баромадҳояшонро сабт кунанд ва онро дар толор намоиш хоҳанд дод. Давомнокии видео на бояд бештар аз 15 дақиқа бошад.

Навори муроҷиати Путинро дар рӯзи ифтитоҳи нишаст - 22 сентябр намоиш медиҳанд.

Бино бар иттилои котиботи СММ, созмон аз роҳбарони 26 кишвар чунин навор дарёфт кардааст.

0