Мальчик катается на велосипеде

Шикояти падар аз дуздии дучархаи писараш ва боздошти ҷинояткор

206
Марди 49-сола ба милиса шикоят бурдааст, ки дучархаи писарашро шахсе бо ном Зокир бо тариқи зӯроварӣ аз писари ноболиғи 14-солааш тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Кормандони милитсияи Тоҷикистон марди 39 солаеро дастгир намуданд, ки дар рабудани дучархаи писари 14-сола гумонбар дониста мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ марди 49-солаи сокини деҳаи Қуштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ шикоят кардааст, ки моҳи январи соли гузашта, тахминан соати 12:00-дақиқа, “Зокир” ном шахс бо тариқи зӯроварӣ аз писари ноболиғи 14-солааш, хонандаи синфи 7-уми МТМУ, дучархае, ки арзишаш 1750-сомониро ташкил медод, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Манбаъ қайд намудааст, ки аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини деҳаи Қуштеппа бо гумони ғоратгарӣ дастгир карда шуда аст.

 Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи Тоҷикистон аз рӯи ҳодисаи мазкур  таҳқиқотро идома доранд.

206
Барчаспҳо:
дастгиршавӣ, ҷинояткор, ҷиноят, дучархасавор, Тоҷикистон