Эмомали Рахмон посетил комплекс туризма и отдыха Остров Темурмалика в Бободжон Гафуровском районе

Раҳмон дар Хуҷанд Роҳи танобӣ”-ро аз болои дарёи Cир ба истифода супорид

558
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар идомаи сафари корӣ имрӯз дар шаҳри Хуҷанд дар маросими ифтитоҳи “Роҳи танобӣ”, ки аз болои дарёи сир мегузарад иштирок намуд

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik.   Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон “Роҳи танобӣ”-ро аз Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ то Маҷмааи шоҳ Исмоили Сомонӣ аз болои дарёи Сир дар масофаи беш як километр мавриди истифода қарор дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисыумщури кишвар.

“Роҳи танобӣ” дар доираи эълони солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мавзеи соҳили дарёи Сир ва Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ сохта шудааст.

“Раисҷумҳур таъкид доштанд, ки шаҳри Хуҷанд яке аз мавзеъҳои таърихию диданибоб барои сайёҳони дохилию хориҷӣ мебошад ва фароҳам овардани ин гуна шароити зарурӣ барои онҳо аз иқдомҳои наҷиб дониста мешавад”, - таъкид намудааст манбаъ.

“Роҳи танобӣ”, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд карда шудааст, дорои 47 кабина бо ғунҷоиши 4 нафар, аз ҷумла 7 кабинаи хизматрасонии олӣ мебошад.

Ин роҳ дар як вақт ба 160 нафар хизмат мерасонад.

Баландии роҳи танобӣ дар сатҳи дарё 35 метрро ташкил дода аст.

Эмомалӣ Раҳмон, зимни суҳбат бо масъулини шаҳри Хуҷанд ва дастандаркорони ин иқдом ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани имконоти хизматрасонӣ барои сокинону сайёҳон ва ҷалби шумораи бештари сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъкид кардааст.

Манбаъ ёдрас шудааст, ки танҳо дар соли 2018 аз мавзеъҳои сайёҳию ёдгориҳои шаҳри Хуҷанд зиёда аз 64 ҳазор нафар сайёҳону меҳмонон, ки бештарашон хориҷӣ мебошанд, боздид намудаанд.

Айни ҳол дар вилояти Суғд барои қабул ва ташкили истироҳату саёҳат барои меҳмонон 26 ширкати сайёҳӣ ва зиёда аз 60 меҳмонхонаву 13 осоишгоҳ фаъолият дошта, воридшавии сайёҳон ба вилоят сол аз сол дар ҳоли афзоиш аст.

558
Барчаспҳо:
сафари корӣ, маросим, ифтитоҳ, соҳибкор, Хуҷанд, роҳи танобӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Садамаи маргборе, ки дар пайи он Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расид

КҲФ низ садамаи Баҳром Ғафуриро шарҳ дод ва чанд акс аз ҷои ҳодиса нашр кард

1595
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода менависад, ки агар ҳодиса соати 4:00 рух дода бошад, соати 4:18 дастаи наҷоти КҲФ ба ҷои ҳодиса сафарбар шуданд. Аммо мутаассифона ҳунармандро натавонистанд аз марг наҷот диҳанд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. КҲФ низ садамаи мудҳишеро, ки дар пайи он овозхони номӣ Баҳром Ғафурӣ ҳалок шуд шарҳ додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, 04:16 дақиқа ба навбатдори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон дар шаҳри Душанбе хабар расид, ки дар кўчаи  Рудакӣ  106 ноҳияи И.Сомонӣ, садамаи нақлиёти рўх додааст.

Соати 04:18 дақиқа Дастаи зудамали наҷоти Раёсат ба ҷои ҳодиса сафарбар шуд, афзудааст манбаъ.

Садамаи маргбори Баҳром Ғафурӣ
Дафтари матбуоти КҲФ
Садамаи маргбори Баҳром Ғафурӣ

Гуфта мешавад, дар натиҷа муаян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Ланкурузер» (200)  рақами давлатиаш 1991 КК 01ТҶ, аз ўҳдаи идораи мошин набаромада, ба автомашинаи партовкаши тамғаи «Камаз»  бармехӯрад.

Бар асари ин бархурди мудҳиш як нафар мусофири он сарояндаи хушхону маъруф Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расидааст. Дар ин садама ду нафари дигар: Зарипов Баҳодур ва Анварзода Ислом бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба беморхонаи Қарияи Боло интиқол дода шудаанд.

Сабаби ҳодисаи мазкур аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД ва БДА-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ муаяйн карда мешавад.

1595

Вазорати тандурустӣ омори тозаи коронавирусро нашр кард

294
То санаи 7 август дар мамлакат 6484 (84,1%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 62 нафар фавтидаанд.

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир 99  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 41 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Инчунин,  дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 41 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  7706  нафар баробар гардид.

Ҳамзамон, то санаи   7 август дар мамлакат  6484  (84,1%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 62  нафар фавтидаанд.

Коронавирус ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон чӣ гуна таъсир расонд

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

 

294