Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода

Сарвазир бо чанд вазири дигар ба Узбакистон рафтанд

1053
Ба ҳайати Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз ба Узбакистон сафар карданд, беш аз 40 нафар намояндагони вазорату идораҳои гуногуни кишвар шомил шудаанд

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷаи Узбакистон, Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ва Абдулло Орифов, нахуствазири Узбакистон дар кори ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ байни Тоҷикистону Узбакистон иштирок хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол ҷониби Тоҷикистон таъкид намудааст, ки сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзодаро дар  сафар ба Узбакистон ҳамчунин вазирони нақлиёт Худоёр Худоёрзода, энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, саноат ва технологияҳои нав Заробиддин Файзуллозода ва кишоварзӣ Иззатулло Сатторӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Тибқи маълумоти манбаъ дар шаҳри Тирмизи Узбакистон, 3 апрели соли равон ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ байни Тоҷикистону Узбакистон баргузор мегардад.

Дар ҷаласаи Тирмиз масъалаҳои рушди ҳамкориҳои гуманитарӣ, густариши онҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, фарҳанг ва илму техника байни Тоҷикистону Узбакистон баррасӣ мешаванд.

Ба масъалаи амалисозии қарордодҳои қаблан ҳосилшуда байни кишварҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Ёдрас мешавем, ки ҷаласаи комиссияи мазкур, бояд охири соли гузашта баргузор мешуд, аммо бо сабаби ҷой надоштани баъзе аз масъалаҳои баҳсӣ миёни Тоҷикистону Узбакистон ва беҳтар шудани муносибатҳо байни кишвар дар ҳама самтҳо, замони баргузории ҷаласа мавқуф гузошта шуда буд.

Қарор аст, 12 апрел сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд барои иштирок дар вохӯрии дуюми машвартии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба нақша гирифта шудааст.

1053
Барчаспҳо:
Қоҳир Расулзода, сафар, ҷаласа, ҳамкорӣ, Узбакистон, Тоҷикистон