Угон автомобиля, архивное фото

Писарбачаи 17-сола дар пойтахат “Ҷип”-ро рабудааст

309
(Таҷдидшуда 11:21 03.04.2019)
Кормандони милитсияи пойтахт писарбачаи 17-солаи сокини кӯчаи Рӯдакӣ, хонандаи синфи 11-уми МТМУ бо гумони ғайриқонунӣ ронда бурдани мошин дастгир карданд

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар пойтахти кишвар писарбачаи 17-сола дастгир шуд, ки дар рабудани мошини “Фолксваген-Туарег” айбдор мешавад.

Манбаъ қайд намудааст, ки ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки рӯзи 1-уми апрели соли равон, тахминан соати 22:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ автомашинаи шахсиаш тамғаи “Фолксваген-Туарег”-ро, ки дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи пойтахт беназорат меистод, ғайриқонунӣ ронда ба самти номаълум бурданд. 

Кормандони милитсияи пойтахт, зимни гузаронидани амалиёти махсус   писарбачаи 17-солаи сокини кӯчаи Рӯдакӣ, хонандаи синфи 11-уми МТМУ-ро дастгир намуданд.  

Ноболиғ дар ғайриқонунӣ ронда бурдани воситаи нақлиёт бидуни мақсади тасарруф айбдор мешавад.

Дар ҳоли ҳозир нисбати ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

309
Барчаспҳо:
дастгиршавӣ, ноболиғ, ноболиғон, пойтахт, Душанбе, рабудани нақлиёт, Тоҷикистон