Бунёда шавҳарро кушту дар зери фарши ҳуҷрааш гӯр кард: шарҳи Додситонии кулл

© УМВД по городу ДушанбеЖенщина убила мужа и закопала его в своей спальне
Женщина убила мужа и закопала его в своей спальне - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин зан на танҳо дар куштори шавҳар даст доштааст, балки дар ҳудуди Русия як зани дигарро ғорат карда, фирор намудааст. Пас аз исбот гаштани ҷинояти ӯ, Бунёдаро додгоҳ ба 23 сол равонаи зиндон намуд

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон ҳодисаи аз дасти ҳамсар кушта шудани шавҳарро дар шаҳри Душанбе шарҳ дод. Як истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе шавҳарашро барои фурӯхтани манзили ӯ кушта, зери ҳуҷраашон хок карда буд.

Додситонӣ менависад, Бунёда Бӯриева соли 2016 шавҳарашро бо дору мадҳуш ва бо санг кушта дар дар зери фарши ҳуҷраи дигаре гӯр кардааст.

Сипас, зан бо ҳуҷҷатҳои сохта манзили марҳумро фурӯхта, худ ба ноҳияи Рӯдакӣ мекӯчад.

"Ба ғайр аз ин Буриева моҳи ноябри соли 2015 ҳангоми дар Русия қарор доштан аз шаҳрванд Қарахонова Л.М. маблағи 487 ҳазор рубли русӣ ва шиносномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷии номбурдаро пинҳонӣ тасарруф намудааст. Бо ҳамин тарзу усул зан бо ҷалби бародари ноболиғаш Буриев А.Л. дар ду ҳолат тасарруфи маблаги пулӣ ба андозаи 800 сомонӣ, 200 доллари ИМА ва ҷавоҳиротҳои тиллоиро ба маблаги умумии 2 ҳазору 500 доллари ИМА содир намудаанд", - меафзояд додситонӣ.

Тафтишотро Додситонии кулл анҷом дода, Бӯриева бо моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “в, е, и, л”, 244 қисми 4 банди “б”, 339 қисми 1, 244 қисми 2, бандҳои “а, б, в”, 244 қисми 3 банди “а”, 165 қисми 1, 340 қисми 2 банди “б”, 247 қисми 4 банди “б” ва Эгамов О.О. бо моддаи 340 қисми 2 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба 23 сол равонаи зиндон гаштааст.

Аз ҳисоби Буриева Б.Л. зарари ба ҷабрдидагон Абдумадидова Р.Н. 2700 доллари ИМА, Қарахонова Л.М. 327 ҳазор рубли русӣ ва Саидов А.С. 800 сомонӣ расонидашуда руёнида шудааст.

Лентаи хабарҳо
0