Модар фарзандашро фурухту ба муҳлати 9 сол паси панҷара рафт

CC0 / Pixabay / Младенец, архивное фото
Младенец, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сокини 36-солаи вилояти Суғдро барои фурӯши тифли навзоди худ ба муҳлати 9 сол равонаи зиндон  карданд

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо ҷурми фурӯши фарзанд ба муҳлати 9 сол равонаи зиндон карда шуд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

“Парвандаи ҷиноӣ нисбати сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Савриниссо Мақсудова, ки мехост фарзандашро фурӯшад  дар додгоҳи шаҳри Хуҷанд ба охир расонида шуд”, - гуфта мешавад дар иттилоия.

Тифли навзод дар дасти модар. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти зану шавҳар бо иттиҳоми фурӯши фарзанд

Қайд шудааст, ки Мақсудова дар назди суд бо ҳамин гуноҳ бори сеюм ба по хестааст.

Ин зани шавҳар манзили истиқоматӣ, низ надоштааст.

Сеюмин духтари навзоди худро мехостааст ба сокини ноҳияи Истаравшан, ки таваллуд карда наметавонистааст фурӯшад.

Ҳамаи кӯдакони ин зан дар хонаи кӯдакон қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш хабар дар бораи дастгир кардани сокинини шаҳри Турсунзода аз ҷониби мақомоти дахлдор пайдо шуда буд.

Вай писар таваллуд карда, кӯдакро ба марди 40-солаи ноҳияи Рӯдакӣ бо маблағи 3 ҳазор сомонӣ фурухта буд. 

Лентаи хабарҳо
0