Новое административное здание МВД Таджикистана

Кӯмакхоҳии ВУД барои ёфтани Гулчеҳра: аз беморхонаи Исфара гум шудааст

483
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш кардаанд, ки барои пайдо намудани сокини ноҳияи Ашт кумак кунанд

ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтааст, ки Мирзобобоева Гулчеҳра аз рӯзи 12 март инҷониб бедарак шудааст.

Ба иттилои ин ниҳод, шаҳрванд Мирзобобоева Гулчеҳра, соли таваллудаш 1978, истиқоматкунандаи ноҳияи Ашт, гирифтори бемории рӯҳӣ буда, аз Беморхонаи бемориҳои рӯҳии шаҳри Исфара санаи 12-уми марти соли 2019 баромада, бедарак гум шудааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш кардаанд, ки барои пайдо намудани Гулчеҳра, кумак кунанд.

ВУД афзуда, шахсоне, ки дар бораи ӯ ягон маълумот доранд, бо телефонҳои 92-828-85-80 ва 93-535-05-23 занг зананд.

Ахиран хабар дода шуд, ки Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш кардаанд, ки барои пайдо намудани марди муттаҳам дар бедаракшавии кӯдаки хурдсол дар Душанбе кумак кунанд.

483