Гулҳо, акс аз бойгонӣ

Ҷамъбасти озмун: шумораи лола ва гулшинонҳои фаъоли Душанбе маълум шуданд

96
(Таҷдидшуда 20:33 05.04.2019)
Имрӯз дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни гулҳо - "Сайри гули лола” ҷамъбаст гардид

ДУШАНБЕ, 5 апр - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, омодагӣ ба ин чорабинӣ аз охири соли гузашта оғоз гардида, дар маҷмӯъ, шумораи гулҳои лола дар пойтахт беш аз якуним миллион ададро дод.

Президент Таджикистана в Хатлонской области
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Манбаъ мегӯяд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи Душанбе -  300 000 дона, “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” - 475 000 дона ва аз тарафи раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр  - 675 010 дона пиёзаки гули лола шинонида шуд, иттилоъ дод шаҳрдорӣ.               

Дар ҷамъбасти озмуни “Сайри гули лола” миёни ноҳияҳо ҷойи аввалро мақомоти иҷроияи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, мақоми дуввум – Фирдавсӣ ва ҷойҳои саввумро мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Шоҳмансур ва Синои шаҳри Душанбе соҳиб шудааст.

Дар самти беҳтарин боғҳои фарҳангу фароғатӣ Муассисаи давлатии “Нигоҳдорӣ ва истифодабарии иншоотҳо”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сазовори ҷойи аввал,  Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ” сазовори ҷойи дуюм   ва  Муассисаи давлатии илмии “Боғи марказии ботаникии Тоҷикистон”-и Муассисаи давлатии “Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” сазовори ҷойи сеюм ва Дипломҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гардиданд.

Дар бахши беҳтарин  гулгашт Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сазовори мақоми аввал, Муассисаи давлатии “Истифодабарии роҳҳо”-и ноҳияи Синои  шаҳри Душанбе   ҷойи дуюм ва  Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи сеюм шуданд.

Манбаъ афзуд, дар самти беҳтарин композитсияи гулҳо барои саҳми арзанда дар ободонию хуррамгардонии Боғи Устод Рӯдакӣ  ва иштироки фаъолона  дар озмуни шаҳрии гулҳо “Сайри гули лола” мудири кулли “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” Қурбоналӣ Алимардон бо  "Ифтихорнома" ва директори генералии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Комил Мирзоалӣ Ҷумъахон барои саҳми арзанда дар ободонию хуррамгардонии “Боғи ба номи Аҳмади Дониш” бо "Сипоснома"  сарфароз гардиданд.

96