Эмомали Рахмон принял участие в фестивале Национальные наврузовские блюда, организованном на площади Исмаила Сомони в Худжанде

Видеои сайри гули лолаи президент дар Хуҷанд

341
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Рҳмон аз 30 март то 2 апрел бо сафари корӣ дар вилояти Суғд қарор дошт

 2 апрели соли равон дар маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд бо иштироки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фестивали "Сайри гули лола" ва озмуни вилоятии "Гулҳо" баргузор гардид.

 

Дар фестивали «Сайри гули лола» ва озмуни вилоятии гулҳо аз ҷониби намояндагони 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд зиёда аз 100 намуди лола, навъҳои гуногуни гулҳои ороишию ҳамешасабз ба намоиш гузошта шуда, ҳамзамон ҳунари рассомону нақшкашон, гулпарварону ороишгарон, ки дар мавзӯи лола бо тарзу услуби хос дар сатҳи хеле баланд офарида шудаанд, муаррифӣ гардид.

Ҳамчунин дар асоси талаботи озмуни вилоятии гулҳо ва фестивали «Сайри гули лола» аз ҷониби донишҷӯёни донишкадаву донишгоҳҳои ҳудуди шаҳри Хуҷанд ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ композитсияи адабӣ-фарҳангӣ манзур карда шуда, байни духтарону писарон дар васфи гули лола қироати шеър, байтбарак ва бадеҳахонӣ низ сурат гирифт, ки басо ҷолибу диданӣ буд.

Навори сайри гули лолаи президентро дафтари матбуоти раисҷумҳур мунташир кардааст.

341