Зонт с надписью Я люблю дождь.

Обуҳавошиносон: имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад

129
(Таҷдидшуда 09:24 08.04.2019)
Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда ва борон дар назар аст

ДУШАНБЕ, 8 апр - Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 5-10 дараҷа сард шуда, рӯзона ҳаво 6-11 дараҷа гарм мешавад, хабар додааст “Ховар” аз қавли Ожонс.

Ба иттилои манбаъ дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр барф меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11-16 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд.  Ҳаво дар водиҳо шабона 12-17 ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 7-12 ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар баландиҳои зиёда аз 2,5 ҳазор метр барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9-14 ва рўзона 22-27 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 4-9 ва рўзона 14-19 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар шаҳри Душанбе тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 12-14 ва рӯзона 25-27 дараҷа гарм мешавад.

129