Ҷашнвораи театрии Парасту дар Душанбе ифтитоҳ шуд

Дар пойтахт ҷашнвораи “Парасту 2019” баргузор мегардад

79
(Таҷдидшуда 15:04 08.04.2019)
Маросими ифтитоҳи Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту – 2019” 15 апрел, соати 9:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон баргузор мегардад.

ДУШАНБЕ, 8 апр - Sputnik. Бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ва ба муносибати 80–солагии ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов аз 15 то 22 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту – 2019” баргузор мегардад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ҷашнвораи мазкур 18 театрҳои касбии кишвар намоишҳои худро, ки тӯли ду соли охир саҳнавӣ гардидаанд, ба маърази тамошобинон ва ҳакамони озмун пешниҳод хоҳанд кард.

Маросими ифтитоҳи ботантана 15 апрели, соати 9:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон баргузор мегардад.

Қарор аст, дар  доираи ҷашнвора ду мизи мудаввар – яке дар мавзӯи “Маҳмудҷон Воҳидов – арбоби барҷастаи санъати касбии тоҷик” ва дигаре “Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон” баргузор гардад.

Масъули вазорати фарҳанг қайд намудааснд, ки даромад ба тамоми намоишҳо ройгон аст.  

79
Барчаспҳо:
баргузор, пойтахт, душанбе, ҷашнвораи "Парасту", ҷашнвора, Тоҷикистон