Коршиносон: имкониятҳои Тоҷикистон дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё

© Пресс-служба посольства России в Таджикистане"Круглый стол" на тему: "Социальное измерение евразийской интеграции: возможности и перспективы для Республики Таджикистан"
Круглый стол на тему: Социальное измерение евразийской интеграции: возможности и перспективы для Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Душанбе мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он масоили ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баррасӣ гардиданд

ДУШАНБЕ, 8 апр - Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзӯи “Ҷанбаҳои иҷтимоии ҳамроҳшавӣ ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё: имконият ва пешрафт барои Тоҷикистон” баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуотии сафорати Русия дар Тоҷикистон.

“Коршиносон имконотеро, ки Тоҷикистон бо ҳамроҳшавӣ ба ин иттиҳод пайдо мекунад, дида баромаданд”, - омадааст дар иттилоия.

Флаг ЕС - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон хостори густариши равобити иқтисодӣ бо Иттиҳоди Аврупо мебошад

Намояндаи тиҷории Русия дар Тоҷикистон Михаил Кораблин Ҷумҳурии Қирғизистонро, ки имкониятҳои иловагӣ пайдо кардаааст мисол овард. Ӯ гуфтааст, ки тайи ду соли ҳамкорӣ аз ҳисоби Фонди рушди Русияву Қирғизистон 767 лоиҳа ба маблағи 248 миллион доллар дар Қирғизистон маблағгузорӣ шудаанд.

“Тайи 5 сол Тоҷикистон дар интизории имконоти воридшавӣ ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё буд”, - гуфтааст роҳбари Кумитаи Палатаи савдои Қирғизистон Қубат Раҳимов.

Вай илова кардааст, ки ҳоло имконоти хело мувофиқ пеш меоянд, ки набояд аз даст дод.

“Имконияти аввал ин тайёр кардани мутахасисони болаёқат дар бозори меҳнат. Дуюм имконият дар бозори энергетикӣ  мавқеъи хосса пайдо кардан ва муттаҳидкунии насли ҷавон ба бунёди IT- барномаҳо мебошад”, гуфтааст коршинос.

Коршиносон ҳамчунин дар атрофи пайдокунии имконоти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар сурати пайвастшавии кишвар ба Иттиҳодро гуфту шунид намудаанд.

Сафири Русия дар Тоҷикистон Лякин-Фролов қайд кардааст, ки воридшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мисли пештара бетағйир ва ҷумҳурӣ ҳамчун кишвари назораткунанда боқӣ мемонад.

Дар охири мулоқот намояндагони ВКХ Тоҷикистон гуфтаанд, ки пешниҳоди Русия дар бораи мавқеи  Тоҷикистон ҳамчун кишвари назораткунанда дар Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё барои омӯзиш ба ҳукумати ҷумҳури пешкаш шудааст.

Лентаи хабарҳо
0