ДТП, архивное фото

Садамаи маргбор: бархурди мошинҳо боиси марги ронанда шуд

933
Дар ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷ. Балхӣ садами маргборе рух дод, ки дар натиҷаи он ронанда ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 9 апр - Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар натиҷаи бархурди ду муошин дар ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷ. Балхӣ Бобоев Холмаҳмад Сиванқулович, соли таваллудаш 1962, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Тавре манбаъ хабар додааст, рӯзи 8-уми апрели соли равон, тахминан соати 10:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи “Опел-Астра”, Бобоев Холмаҳмад Сиванқулович, соли таваллудаш 1962, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда Исмоилов Муродбек Саидбекович, соли таваллудаш 1994, сокини деҳаи Иттифоқ, бархӯрдааст.

“Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”-и якум Бобоев Х.С. ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст”, - таъкид намудааст манбаъ.

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи Тоҷикистон аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқотро идома доранд.

933