Бузкаши: национальная забава на лошадях

Бузкашӣ дар Панҷакент бо иштироки човандозони Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон

679
Дар Ҷамоати деҳоти Чинори шаҳри Панҷакент мусобиқаи бузкашӣ баргузор шудааст, ки дар он дар на танҳо човандозони тоҷик балки паҳлавонони вилоятҳои Самарқанду Бухоро, Ҷиззаху Қашқадарёи Узбакистон ва шаҳрвандони Қирғизистон иштирок намуданд

ДУШАНБЕ, 9 апр - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, ахиран бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар ҷамоати деҳоти Чинори шаҳри Панҷакент мусобиқаи бузкашӣ баргузор гардид, ки дар он човандозони беҳтарини вилояту ҷумҳурӣ ва кишварҳои ҳамсояи Узбакистону Қирғизистон иштирок намуданд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар мусобиқаи мазкур паҳлавонон аз гӯшаву канори вилояту ҷумҳурӣ, вилоятҳои Самарқанду Бухоро, Ҷиззаху Қашқадарёи Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ширкат карданд.

Манбаъ қайд намудааст, ки мусобиқаи бузкашӣ дар шаҳри Панҷакент ҳамасола дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз ва дигар идҳо гузаронида шуда, ҳаводорони зиёд дорад.

“Дар шаҳр 600 сар асп парвариш карда мешавад ва дӯстдорони ин навъи варзиш дар мусобиқаҳои бузкашиву пойга мунтазам иштирок менамоянд”, - таъкид намудааст ҳукумати вилояти Суғд.

Манбаъ зикр намудааст, ки дар мусобиқаи бузкашии хеле шавқовар, шоҳҷоиза – автомашинаи сабукрав насиби Фармон Бафоев бо аспи “Дракон” шудааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода калиди автомашинаро ба Фармон-паҳлавон тақдим кард.

679
Барчаспҳо:
Панҷакент, мошин, шоҳҷоиза, Суғд, бузкашӣ, мусобиқа, Қирғизистон, Узбакистон, Тоҷикистон