Министры обороны РФ и Таджикистана подписали план сотрудничества на 2017 год

 Шералӣ Мирзо вазири мудофиаи Тоҷикистон ба Русия сафар мекунанд

78
(Таҷдидшуда 11:40 09.04.2019)
Баъди ду ҳафта ҷаласаи баҳории Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ баргузор мегардад ва дар он ҳайати парлумони Узбакистон низ иштирок хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 9 апр – Sputnik. Вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 5 май дар Федератсияи Русия мулоқот менамоянд, иттилоъ додааст агентии “Ховар”.

Манбаъ афзудааст,ки аллакай дар ояндаи наздик баргузории як зумра чорабиниҳо таҳти сарпарастии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла вохӯрии сарони ҳукуматҳо дар назар аст.

“31 май дар шаҳри Ашқобод ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ доир мегардад. Дар нимаи моҳи май дар шаҳри Душанбе мулоқоти роҳбарони хадамоти махсуси мо баргузор мешавад”, — гуфтааст котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев.

Ӯ афзудааст, ки тақрибан баъди ду ҳафта ҷаласаи баҳории Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ баргузор мегардад ва дар он ҳайати парлумони Узбакистон иштирок хоҳад кард, ки чанде пеш ба он ҳамроҳ шуд.

Ба гуфтаи вай, ҳамчунин 15-16 май дар Ашқобод Форуми зиёиёни илмию эҷодии кишварҳои ИДМ баргузор мешавад.

78
Барчаспҳо:
ИДМ, мулоқот, Русия, мудофиа, Тоҷикистон