Сильный ветер в Москве, архивное фото

Ҳушдор аз ҳавои номусоиди ду рӯзи ахир: боду борони шадид, раъду барқ, селу сангрезиш

125
(Таҷдидшуда 13:36 09.04.2019)
Ду рӯзи ахир дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид гардида, боридани боронҳои пуршиддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст

ДУШАНБЕ, 9 апр - Sputnik. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз номусоид шудани вазъи обу ҳаво дар ду рӯзи ахир ҳушдор додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ боронҳои шиддатнок борида, раъду барқ ба амал меояд.

Имрӯз, 9 апрел дар натиҷаи ба амал омадани раъду барқ вазиши шамол шиддат ёфта, то ба 17-22 метр дар як сония мерасад.

Дар натиҷаи боришоти зиёде, ки ба дарёҳои қаторкӯҳи Ҳисор, инчунин дарёҳои Ёхсу, Қизилсӯ, Кофарниҳон, Элок, Сурхоб ҷорӣ мешаванд, баландшавии якбораи сатҳи об дар назар дошта шуда, эҳтимоли омадани сел пешбинӣ мешавад.

Аз 9 то 11 апрел дар ноҳияҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ, ғарби ВМКБ (дар баландии 2500м) ва роҳҳои мошингарди  "Душанбе — Хуҷанд", "Душанбе — Хоруғ", "Хоруғ — Ғунт", "Хоруғ — Ишкошим", "Хоруғ — Мурғоб" ва "Рӯшон — Бартанг" эҳтимоли резиши санг зиёд аст.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар натиҷаи боронҳои шадид хавфи лағжиши тарма, омадани сел ва резиши санг дар назар аст.

Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳолии мамлкат хоҳиш мекунад, ки аз сафар ба мавзеъҳои селрезу тармахез худдорӣ кунанд, муддате то эътидоли ҳаво ба кӯҳу доманакӯҳҳо низ барои омода кардани ҳезуму алаф ё чаронидани чорво нараванд.

Ёдовар мешавем, ки ҳангоми ҳолатҳои фавқулода ва ё ягон ҳодисаи нохуш  шаҳрвандон метавонанд бо телефонҳои бахши навбатдории КҲФ: 93 880 28 19; 221-91-19; 223-13-11 муроҷиат намоянд.

125