Стела перед въездом в Чернобыль

Суғд аз қурбониёни бартарафкунии садама дар Неругоҳи барқи атомии Чернобил ёд хоҳанд кард

54
(Таҷдидшуда 17:26 09.04.2019)
Дар вилояти Суғд 26 апрели соли равон ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Неругоҳи барқи атомии Чернобил гузаронида мешавад

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Бо қарори раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, дар қаламрави вилоят 26 апрели соли равон рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Неругоҳи барқи атомии Чернобил гузаронида мешавад.

Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, рӯзи ёдбуди бо мақсади қадршиносӣ аз ҷасорату мардонагии иштирокчиён ва посдории хотираи қурбониёни бартарафкунии садама дар Неругоҳи барқи атомии Чернобил гузаронида мешавад.

Тибқи қарори мазкур ҳайати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳои рӯзи ёдбуд тасдиқ гардида, раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шудаанд, ки барои ҳифзи иҷтимоӣ ва дастгирии моддии батарафкунандагони садама тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки дар доираи рӯзи ёдбуд аёдати оилаҳои фавтидагон-бартарафкунандагони садама ва дигар чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст.

54
Барчаспҳо:
бартарафсозӣ, атомӣ, Хуҷанд, Суғд, Тоҷикистон