Маъракаи даъвати наваскарон дар ВМКБ ба анҷом расид

© Sputnik / Амир ИсаевТаджикские пограничники на границе с Афганистаном, архивное фото
Таджикские пограничники на границе с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз моҳи сентябри соли 2018 Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният дар вилоят ташкил карда шуд. Он дар баробари таъмини волоияти қонун ҳамчунин ба сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

ДУШАНБЕ, 9 апр - Sputnik. Маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 8 апрел пурра ба анҷом расид, иттилоъ медиҳад "Ховар".

Гуфта мешавад, дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ аввалин шуда, ҷавонони баору номуси маркази вилоят-шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Дарвозу Мурғоб ва Ванҷ бо дарки баланди масъулияти ватанпарастӣ ташаббус нишон дода, ба ҳимояи хоки муқаддаси Ватан сафарбар гардиданд.

"Ҳамзамон дар ноҳияҳои Шуғнону Рӯшон ва Ишкошиму Роштқалъа низ ин маъракаи муҳим муташаккилона ба роҳ монда шуда, маъракаи  даъват дар ҳафтаи аввал таъмин карда шуд, - афзудааст манбаъ.

Суғд: то иҷрои нақшаи даъвати наваскарон ҳамагӣ 8%-и дигар монд

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолон ва сокинони ВМКБ вобаста ба даъвати ҷавонони вилоят ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ супоришҳои мушаххас дода буданд. Маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар шаҳри Хоруғ мушкилиҳои зиёд ба бор оварда буд ва маъракаи даъват асосан аз ҳисоби донишҷӯёну сокинони дигар минтақаҳои кишвар иҷро карда мешуд.

Ба иттилои хабаргузорӣ, Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният, ки дар дар вилоят ташкил карда шуд, баробари таъмини волоияти қонун ҳамчунин ба сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ саҳм гузошт.

Лентаи хабарҳо
0