Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Маҷлиси шӯрои Давлати Қатар

Зуҳуров аз фурӯши оби нушокӣ то парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистону Қатарро баррасӣ кард

848
Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар дар мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва раиси Маҷлиси шӯрои Давлати Қатар Аҳмад ибни Абдуллоҳ Олӣ Маҳмуд дар Давҳа баррасӣ гардид

ДУШАНБЕ, 10 апр - Sputnik. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Парлумони Тоҷикистон дар доираи сафараш ба Давлати Қатар бо раиси Маҷлиси шӯрои ин кишвар Аҳмад ибни Абдуллоҳ Олӣ Маҳмуд мулоқот намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон. 

Бино бар иттилои манбаъ, зимни мулоқот тарафҳо масоили ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва оби нӯшокӣ аз Тоҷикистон ба Қатар ва ба роҳ мондани хатсайри ҳавоии мустақими байни Душанбе ва Давҳаро баррасӣ карданд.

Дар оғози мулоқот мусоҳибон аз сатҳи баланди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Давлати Қатар изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки тамосҳои мунтазами роҳбарони олии ду кишвар заминаи мусоидро барои тавсеаи ҳамкории гуногунҷанба ва мутақобилан судманд фароҳам овардаанд.

Инчунин тарафҳо зимни мулоқот таҳкими робитаҳои Маҷлиси намояндагон бо Маҷлиси Шӯрои Давлати Қатар баррасӣ гардид.

Манбаъ таъкид намудааст, ки дар мулоқот роҳбарони парлумонҳои ҳарду кишвар фаъолияти самараноки  гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Қатарро хамчун абзори тақвияти беш аз пеши муносибатҳои дуҷониба дар тамоми соҳаҳо арзёбӣ намуданд.

Дар ҳамин ҳол манбаъ қайд намудааст, ки роҳбарони Парлумони ду кишвар  ҳамчунин доир ба муҳимияти ҳамкории байнипарлумонӣ дар таҳкими муносиботи иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қатар, инчунин ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва оби нӯшокӣ аз Тоҷикистон ба Қатар табодули афкор намуда, ба роҳ мондани хатсайри ҳавоии мустақими байни Душанбе ва Давҳаро муҳим арзёбӣ карданд.

Аҳмад ибни Абдуллоҳ Олӣ Маҳмуд, зимни мулоқот таъкид намудааст, ки иқтидори бузурги Тоҷикистон дар соҳаҳои гидроэнергетика,  сарватҳои табиӣ  ва маҳсулоти кишоварзӣ заминаи хубе барои ҳамкории минбаъдаи ду кишвар мебошад.

848
Народный поэт Таджикистана Гулназар Келди

Наздикони Гулназар Келдӣ: вазъаш рӯ ба беҳбуд ва муътадил аст

2296
(Таҷдидшуда 21:57 12.08.2020)
Вазъи саломатии Гулназар Келдӣ, шоири шинохтаи тоҷик, муаллифи суруди миллии Тоҷикистон, ки қаблан ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст шуда буд, феълан муътадил мебошад

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Табибон дар пайи бадтар шудани вазъи Гулназар Келдӣ, ӯро ба дастоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст карда буданд, иттилоъ дод хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.

"Гулназар Келдӣ худро бадтар эҳсос кард ва табибон тасмими гирифтанд, ки ӯро зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ гузаронанд”, - изҳор дошт манбаъ.

Аммо наздикони шоири халқӣ мегӯянд, вазъаш рӯ ба беҳбуд ва феълан муътадил мебошад. Дориюш Раҷабиён, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик ва яке аз наздикони Гулназар Келдӣ дар саҳифааш миннатдории устодро ба ҳамаи онҳое, ки ҷӯёи ҳолашанд, баён дошт.

"Яке-ду рӯзи аввал ба дастгоҳи танаффуси маснӯъӣ ниёз доштанду акнун ҳолашон рӯ ба беҳбуд ва муътадил аст. Орзумандем, ки базудӣ бо такмили давраи муъолиҷаи худ ба оғӯши хонавода баргарданд", - навишт Раҷабиён.

Қаблан шоири халқӣ ва муаллифи суруди миллии Тоҷикистон бо гумони ибтило ба “вируси корона” ба Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” интиқол ёфта буд.

Худи шоир 11 август ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, як рӯзи қабл дарди ногуворе саропои вуҷудашро ларзонд ва наздиконаш салоҳ донистанд, ки ӯро ба шифохона интиқол диҳанд.

“Каме хастагиро эҳсос мекунам. Дар умум, вазъи сиҳатиам хуб аст. Ҳоло табобати профилактикӣ мегирам. Аз дӯстон хоҳиш мекунам, ки ташвиш накашанд, аммо худро сахт эҳтиёт кунанд”, - гуфт шоири халқии Тоҷикистон.

Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 таваллуд шуда, ба номи худ Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1994), Ҷоизаи Комсомоли Тоҷикистон, Ҷоизаи ба номи М. Турсунзода, Шоири халқии Тоҷикистон (1995) – ро сабт кардааст. Муаллифи матни Cуруди миллии Тоҷикистон мебошад. "Расми сарбозӣ" - нахустин маҷмӯаи шеърҳои ӯ соли 1969 чоп шудааст.

"Дастархон" (1972), "Нордбон" (1975), "Ағба" (1978), "Паҳно" (1981), "Лангар" (1983), "Пайи дарё" (1985), "Чашми нигин" (1988), "Табхола" (1992 г.), “Туву хубиву раъноӣ” маҳсули фаъолияти беш аз нимасраи ӯ мебошанд. Маҷмӯаҳои вай ба забони русӣ бо номи "Звезда Улугбека" (1981) ва "Безымянный родник" (1986) дар нашриёти "Советский писатель" – и Русия ва "Тень тутовника" (1989) дар Душанбе чоп шудаанд. Осори ӯ дар Афғонистону Эрон ва дигар кишварҳо низ ба нашр расидаанд.

2296

Эълони омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

475
(Таҷдидшуда 19:34 12.08.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон омори тозаи гириторӣ, шифо ва фавт аз коронавируси COVID - 19 - ро нашр кард

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир 93  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 43 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Гулназар Келдӣ зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ гузаронда шуд

Инчунин, дар давоми 24 соати гузашта дар ҷумҳурӣ 41 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  7912  нафар баробар гардид.

"То санаи  12 август дар мамлакат  6696  (84,6%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 63  нафар фавтидаанд", - омадааст дар хабарнома.

“Худатонро эҳтиёт кунед!” Насиҳати Гулназар Келдӣ аз шифохонаи “Истиқлол”

Вазорати беҳдошт ёдоварӣ карда, ки айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

475
Барчаспҳо:
вируси нав, омор, Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон