Медицинская каталка в больнице, архивное фото

Пахши пиёдагарди ноболиғ: духтарчаи 4-сола ба ҳалокат расид

374
(Таҷдидшуда 11:08 10.04.2019)
Шарипова Омина Сайбилоловна духтарчаи 4-сола дар натиҷаи пахши мошин ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 10 апр – Sputnik.  Бино бар иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Панҷи поён, воқеъ дар ҳудуди н.Ҷ.Балхӣ, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғро пахш намудааст, ки дар натиҷа ба ҳалокат расидааст.

Тибқи иттилои манбаъ ҳодисаи нохуш рӯзи 9-уми апрели соли равон,  тахминан соати 09:30-дақиқа рух додааст.

Манбаъ қайд намудааст, ки ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Негмонов Неъматҷон Шералиевич, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Панҷи поён, воқеъ дар ҳудуди н.Ҷ.Балхӣ, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Шарипова Омина Сайбилоловна, соли таваллудаш 2015, сокини деҳаи Ленингради ноҳияи мазкурро, ки роҳи мошингардро аз канори рост ба канори чап убур мекард, пахш намудааст. 

Манбаъ зикр намудааст, ки дар натиҷа, духтарчаи ноболиғ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсия аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқотро идома доранд.

374
Барчаспҳо:
духтарча, пиёдагард, пахши мошин, ноболиғон, ҳалокат, Тоҷикистон
Арбитр показывает красную карточку на футбольном матче. Архивное фото

Аз 10 бозӣ маҳрум то 1000 сомон ҷарима: ҷазои мураббии “Душанбе-83” барои таҳқири доварон

17
Се намояндаи дастаи футболи пойтахт аз чанд бозӣ маҳрум ва ба ҷарима кашида шуданд: ҳамаи онҳо ба доварон ҳамчун «суханони сахт» сухан гуфтанд

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Кумитаи назорат ва одоби ФФТ дар ҷаласаи ахири хеш масъулини дастаи  “Душанбе-83”-ро ҷармаҳои калон ва аз иштирок дар бозиҳо маҳрум кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон,  сармураббии даста Мирзобек Мирзоев барои даҳ бозӣ маҳрум карда шуд ва барои таҳқири ҳайати доварон дар ин бозӣ ҳазор сомонӣ ҷарима шуд.

Эҳтимол, дар ин раванд ноиби президенти дастаи “Душанбе-83” Абдураҳим Мирзозода низ ба ӯ ҳамроҳ шуд. Барои таҳқири доварон, ӯ низ аз панҷ бозӣ маҳрум ва ҳазор сомонӣ ҷарима шуд.

Инчунин иштирокчии дигари муноқишаи лафзӣ бозигари даста Далер Имомназаров барои алфози қабеҳу таҳқиромез нисбат ба ҳайати расмии мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ, аз ду бозӣ маҳруму 500 сомонӣ ҷарима шуд.

Ёдовар мешавем, ки бозии ҷавобӣ миёни дастаҳои “Душанбе-83” ва “Истаравшан” рӯзи 4 июл дар Варзишгоҳи марказии Ваҳдат баргузор шуда, ҳисоби ниҳоӣ 3:3 мусовӣ шуд.

17
Последствия схода селевого потока

Суғд: Ҳалокати 64 нафар ва миллионҳо зарари ҳодисаҳои фавқулода давоми шаш моҳ

71
(Таҷдидшуда 09:56 09.07.2020)
Дар пайи ҳолатҳои фавқулодда зарфи шаш моҳи гузашта 64 нафар дар шимоли Тоҷикистон ҷони худро аз даст додаанд

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ин нукта зимни нишасти шашмоҳаи  раёсати ин ниҳод дар Суғд садо дода, аммо зикр нашудааст, ки ин нафарон дар пайи кардом ҳодисаи фавқулода фавтидаанд.

Ба иттилои манбаъ марги 64 нафар дар пайи 260 ҳаводиси авқулода ба қайд гирифта шудаас.

Манбаъ мегӯяд, ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта дар қаламрави вилоят 322 ҳодисаҳои фавқулоддаи хусусияти гуногундошта ба амал омада буд, ки бар асари онҳо 82 нафар ҷони худро аз даст дода буданд.

Гуфта мешавад, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ҳодисаҳои табиӣ ва техногенӣ ба  иқтисодиёти вилоят 42  миллиону 986 ҳазору 544 сомонӣ зарар овраданд. 

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи  полковник Додиён Баҳром Одина, сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд дар шашмоҳои аввали соли 2019 ҳодисаҳои фавқулода ба иқтисодиёти вилоят  12 миллиону 703 ҳазору 773 сомонӣ зарар оврада буд.

71