Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Маҳаллаи Сангтӯдаи Ҷамоати деҳоти Ворух соҳиби мактаби замонавӣ мешавад

© Sputnik / Илья Буяновский Въезд в Ворух, архивное фото
Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сохтмони мактаб дар маҳаллаи Сангтӯдаи Ҷамоати деҳоти Ворух мушкилоти беш аз 500 нафар толибилмеро, ки масофаи беш аз 5 километрро пиёда тай намуда, ба мактаби маҳаллаи дигар барои донишандӯзӣ мерафтанд, осон хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 10 апр – Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ, ҳалли масоили иҷтимоӣ ва мулоқот бо сокинон ба ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара сафар кард.

Бино бар иттилои манбаъ, Раиси вилоят ба маҳаллаи наздимарзии Сангтӯдаи Ҷамоати деҳоти Ворух ташриф рафта, ба корҳои сохтмонии мактаби наву замонавӣ ҳусни оғоз бахшид.

Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Имзои протокол: роҳ ба Ворух кушодаю роҳи Оқсой – Тамдиқ сохта мешавад

Сипас Раҷаббой Аҳмадзода дар сӯҳбат бо сокинони маҳалла, омӯзгорон ва ҷавонони деҳот аз ҷараёни корҳои созандагиву ободонӣ дар вилоят, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат сузҳбат кард.

Манбаъ қайд намудааст, ки оғози бунёди мактаби нав дар деҳаи Сангтӯдаи Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд амалӣ мегардад.

“Фармоишгари иншооти мазкур Идораи сохтмони асосии вилоят буда, лоиҳаи онро ширкати ”Суғдшаҳрофар” таҳия намудааст. Тибқи лоиҳа бинои мактаб аз 3 ошёна ва 12 синфхона иборат буда, барои таҳсили 720 нафар дар ду баст пешбинӣ гардидааст”, - қайд намудааст манбаъ.

Ҳамзамон, раиси вилоят барои бунёди толори варзишӣ, чароғонкунӣ ва мумфарш намудани роҳи маҳаллаи мазкур ба масъулин дастур дод.

Манбаъ ёдрас шудааст, ки бунёди мактаби нав мушкилоти беш аз 500 нафар толибилмеро, ки масофаи беш аз 5 километрро пиёда тай намуда, ба мактаби маҳаллаи дигар ба донишандӯзӣ мерафтанд, осон хоҳад кард.

 

Лентаи хабарҳо
0