Прилавок с мясом птицы, архивное фото

Соҳибкор мехост ба Тоҷикистон 219 тонна гӯшти мурғи пастсифат ворид намояд

890
(Таҷдидшуда 10:48 11.04.2019)
Ожонсии “Тоҷикстандарт” хабар додааст, кормандонаш дар ҳамкори бо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз воридоти 219 тонна гӯшти мурғи пастсифат пешгирӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 11 апр – Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти Ожонсии “Тоҷикстандарт”, соҳибкори  ватанӣ тасмим доштааст  аз хориҷа ба қаламрави гумрукии Тоҷикистон беш аз 219 тонна гӯшти мурғи пастсифат ворид намояд, аммо  аз ҷониби Ожонсии “Тоҷикстандарт” дар доираи ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон тибқи низоми “Реэкспорт” аз қаламрави ҷумҳурӣ  хориҷ карда  шуд.

“Тоҷикстандарт”  таъкид намудааст, ки мутахассисонаш зимни  гузаронидани корҳои сертификаткунонӣ дар озмоишгоҳи Ожонсӣ намунаи гӯшти мурғи воридотиро ташхис намуданд.

“Дар натиҷа он пастсифат баромада,  ба талаботи Регламенти техникии Тоҷикистон  “Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ” ҷавобгӯ набуд”, - қайд намудааст манбаъ.

Дар ин росто, бо сабаби дар Тоҷикистон таъйиноти мушаххаси истеъмолӣ надоштани маҳсулоти пешниҳодгашта ва ба талаботи Регламенти техникии Тоҷикистон “Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ” мутобиқ набудан ба мақсулоти мазкур сертификати мутобиқат дода нашуд ва аз қаламрави гумрукии мамлакат бароварда шуд.

Инчунин зикр намудааст, ки воридоти маҳсулоти пастсифат ва ба саломатӣ хатарнок риояи талаботи ҳатмии ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ – Регламентҳои техникии Тоҷикистон зери назорати ҷиддӣ қарор дода шуда, дар ин самт мунтазам аз ҷониби мутахассисони Ожонсӣ бо воридкунандагон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти хӯрокворӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда мешаванд.

“Тоҷикстандарт” таъкид намудааст, ки мутахассисонаш дар соли равон ду маротиба бо соҳибкорон — воридкунандагони маҳсулоти гӯштӣ ва қаннодӣ мулоқот баргузор карданд ва ба онҳо огаҳӣ дода буданд, ки маҳсулоти пастсифат ворид накунанд.

“Аммо новобаста аз ин ҳоло ҳам аз ҷониби соҳибкорон ҳолатҳои ворид намудани маҳсулоти пастсифати ғизоӣ ба қайд гирифта мешаванд. Воридоти беш аз 219 тонна гӯшти мурғи пастсифат аз хориҷи кишвар  шаҳодати  ин гуфтаҳост”,- гуфт манбаъ.

890
Барчаспҳо:
ворид, воридот, пастсифат, гӯшти мурғ, гушт, Оҷонсии Тоҷикстандарт, Тоҷикистон
Народный поэт Таджикистана Гулназар Келди

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба наздикони Гулназар Келдӣ изҳори ҳамдардӣ кард

12
(Таҷдидшуда 19:54 15.08.2020)
Вазорат мегӯяд, ки аз даргузашти шоири мардумии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллӣ Гулназар Келдӣ сахт андӯҳгин аст

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз даргузашти шоири мардумии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ изҳори андӯҳ карда, ба наздикони шоири маҳбуби тоҷик  ҳамдардӣ кардааст. Дар ин бора дафтари матбуоти вазорат гузориш медиҳад.

"Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли фарҳангу ҳунари кишвар нисбати даргузашти Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ сахт андӯҳгин буда, ба пайвандони марҳум изҳори ҳамдардии амиқ мекунанд", - менависад манбаъ.

Ёдовар мешавем, ҳамагӣ чанд рӯз пеш Гулназар Келдӣ бо нишони маризии коронавирус бистарии беморхона гардида шуд ва ахиран рӯзи 13 - уми август ҷон ба Ҷонофарин супорид.

Марҳум чанд рӯз қабл дар сӯҳбат бо  Sputnik Тоҷикистон ба мардум насиҳат карда буд, ки "худатонро эҳтиёт кунед".

Он сӯҳбати шоир ба 11 август,  баъд аз хабари ба бемористон интиқол ёфтани шоир анҷом дода шуд. Гулназар Келдӣ, аз ҳамватанонаш хоҳиш карда буд, ки аз бемории ӯ  ташвиш накашанд.

Маросими видоъ бо устод Гулназар Келдӣ - навори муфассал

"Каме хастагиро эҳсос мекунам. Дар умум, вазъи сиҳатиам хуб аст. Ҳоло табобати профилактикӣ мегирам. Аз дӯстон хоҳиш мекунам, ки ташвиш накашанд, аммо худро сахт эҳтиёт кунанд”, - гуфта буд шоири халқии Тоҷикистон.

12
Мужчина в защитной маске

Вазорати тандурустӣ омори нави коронавирусро дар Тоҷикистон нашр кард

346
Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир 91 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 38 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Инчунин,  дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 40 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  8029 нафар баробар гардид.

"Ҳамзамон, то санаи  15 август дар мамлакат  6815  (84,9%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 64  нафар фавтидаанд", - менависад манбаъ.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Русия ба истеҳсоли ваксина алайҳи коронавирус шурӯъ кард

Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

346