Ноги, архивное фото

Милисаҳои Душанбе мулоқотҳои маҳрамонаи пулакии зани 42 ва марди 25-соларо ошкор карданд

2540
Ду сокини рустабори Душанбе ба иттиҳоми ташкили фоҳишахона дастгир шуданд

ДУШАНБЕ, 11 апр – Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар бораи аз ҷониби милисаҳои пойтахт ошкор шудани фоҳишахона дар Душанбе хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, дар пайи чорабиниҳои оперативӣ ду сокини шаҳри Душанбе, истиқоматкунандагони кӯчаҳои Саъдии Шерозӣ ва Нусратулло Махсум ба иттиҳоми ташкили фоҳишахона дастгир шуданд.

Номбурдагон, хонаи истиқоматии ба иҷора гирифтаашон, воқеъ дар кӯчаи Саъдии Шерозиро ба фоҳишахона табдил дода буданд.

"Гумонбарон рӯзи 9-уми апрели соли 2019 ба марди 25-сола ва зани 42-солаи сокинони шаҳри Душанбе барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 150-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтаанд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

2540