Рустам Эмомали

Қарорҳои Рустами Эмомалӣ барои тасдиқи “Ҷоми пойтахт”, “Мураббии сол” ва “Хонандаи сол”

189
Мусобиқаи гӯштини миллӣ “Гуштингирӣ” бахшида ба Рӯзи пойтахт барои дарёфти “Ҷоми пойтахт” рӯзи 27 апрел дар Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 11 апр – Sputnik. Имрӯз шаҳдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи тасдиқи Низомномаи озмуни соҳаи маориф, ҳавасмандгардонии ғолибони озмунҳои   “Мураббии сол” ва “Хонандаи сол”, баргузории гӯштини миллӣ "Гӯштингирӣ" дар пойтахт, қарор қабул кардааст, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Мақомоти иҷроия маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе.  

Шаҳрдор қарорҳои алоҳидаро  Дар бораи тасдиқи Низомномаи озмуни соҳаи маорифи шаҳри Душанбе “Беҳтарин муассисаи таълимӣ дар самти корҳои ободонӣ”, Дар бораи ҳавасмандгардонии ғолибони озмунҳои   “Мураббии сол” ва “Хонандаи сол” дар шаҳри Душанбе ва Дар бораи баргузор намудани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ "Гӯштингирӣ" бахшида ба  Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти "Ҷоми пойтахт" ба имзо расонидааст.

Манбаъ афзудааст, ки бо мақсади ҳавасмандгардонии кормандони соҳаи маорифи пойтахт дар самти тарғибу ташвиқ намудани корҳои созандагӣ ва ободонӣ , дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ – маънавии кормандони соҳаи маориф, ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш қарорҳо ба тасвиб расидаанд.

Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои ба ин мақсад дар буҷети соҳаи маориф пешниҳод шуда 8 ҳазор сомонӣ барои сарфароз гардонидани ғолибони озмунҳо ҷудо намояд.

Мувофиқи қарор мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ “Гуштингирӣ” бахшида ба Рӯзи пойтахт барои дарёфти “Ҷоми пойтахт” рӯзи 27 апрел, соати 09:00 дар Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.

189
Барчаспҳо:
қароргоҳ, пойтахт, Рустами Эмомалӣ, душанбе, Тоҷикистон