Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ҳангоми намоз дар масҷиди марказии Душанбе, акс аз бойгонӣ

Хизмат-роҳи наҷот аз дузах: ҳушдори Шӯрои уламо ба хидматгурезҳо ва волидонашон

2163
Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар ҳошияи даъвати баҳории наваскарон хидмат ба Ватанро роҳи эмин мондан аз оташи дузах гуфта, саркашӣ аз онро гуноҳи кабира унвон кардаст

ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik.  Шӯрои уламо бо нашри як муроҷиатнома дӯст доштан ва хизмати ватанро аз гӯшаи имон хонда, ҳадисеро аз Пайғамбар (с) овардааст, ки фариштагон се овозро ба таъҷил ба осмон мерасонанд.

“Якум овози қалами нависандагон, зеро барои осудаҳолӣ ва бародарии мардум заҳмат мекашанд, дуюм овози чархресии занон - фазилати меҳнати ҳалол ва сеюм овози қадами марзбонон, ки шабҳо бедорӣ мекашанд, то ки дигарон дар амон бихобанд ва ҷони худро дар хатар мемонанд, то мардум осуда бошанд”, - тавзеҳ додааст Шӯрои уламо.

Ин ниҳод дар идома аз қавли Паёмбари Худо (с) овардааст, “ду чашмест, ки ҳаргиз дар оташи дузах намесӯзад, яке аз тарси Худо гиря мекунад, дигаре дар роҳи дӯст доштани ватан мижа назада хидмат мекунад”.

Шӯрои уламо таъкид намудааст, ки дар ин сухани Расули Худо (с) ҳеҷ шакку шубҳае нест, пас ҳар касе барои ҳифзи Ватан камари ҳиммат бастааст, аз оташи дӯзах дар амон хоҳад буд.

“Айни замон даъвати баҳорӣ ба саффи қувваҳои мусаллаҳ оғоз гардида, иддае аз ҷавонони ба нангу номус бо сари баланд ва бо ихтиёри худ барои адои қарзи шаҳрвандӣ ва имонӣ ҳозир мешаванд, аммо баъзе аз ҷавонони ноогоҳ аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ намуда, пинҳон мешаванд, ба муҳоҷират мераванд ё баҳонаи дигаре меҷӯянд. Гузашта аз ин, баъзе падару модарон низ дар ин кор ба фарзандонашон мусоидат мекунанд”, - изҳор доштааст Шӯрои уламо.

Ба иттилои манбаъ, Пайғамбари Худо (с) дар ҳаққи чунин афрод фармудаанд – “Иҷтанибу-с-сабъал-мубиқот: аш-ширку биллоҳ ва … ат-таваллӣ явма-з-заҳф”, яъне “Аз ҳафт чизи ҳалоккунанда дурӣ ҷӯед – Ширк овардан ба Худо ва … саркашӣ аз Артиш”.

Шӯро зикр кардааст, дар замони Ҳазрати Мӯсо (а) низ тоифае буданд, ки аз хизмат саркашӣ намуда, гуфтанд, эй Мӯсо, мо ин ҷо менишинем, ту ва Парвардигорат бираведу набард кунед. Дар Қуръони карим омадааст, ки, Ҳазрати Мӯсо ин тоифаро аз сабаби саркашӣ намуданашон фосиқ хонд.  Ба иттилои Шӯрои уламо дар замони Ҳазрати Муҳаммад (с) низ онҳое, ки аз даъвати Паёмбар сар тофтанд, аз раҳмати Худо маҳрум гаштанд.

Дар хулоса раёсати Шӯро таъкид намудааст, ки саркашӣ аз ҳимояи Ватан гуноҳи кабира буда, мусоидаткунандаи он, яъне баъзе падару модарон низ ба ин гуноҳ шариканд.

Ин ниҳод илова намудааст, ки хидмати ҳарбӣ мактабест, ки ба ҷавонон дарси матонату шуҷоат, далерию ғайрат, нангу номуси мардонагӣ ва сабру таҳаммул меомӯзад.

“Ҳар яки мо вазифадорем, бароямон воҷиб аст, ки нигаҳбони сулҳу субот, тинҷиву оромӣ бошем, фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намуда, ба хизмати ҳарбӣ барои ҳимояи марзу буми Ватан ҳидоят ва равон намоем”, - таъкид кардааст Шӯрои уламо.

2163