Жители города Душанбе прогуливаются в парке Фирдавси, архивное фото

Имрӯз ҳаво дар Тоҷикистон то 30 дараҷа гарм мешавад

92
(Таҷдидшуда 09:57 12.04.2019)
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 12 апр - Sputnik. Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, рӯзона бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 4-9 ва  рӯзона 18-23  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  шабона   2-7 дараҷа сард шуда, рӯзона  7-12 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд    ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.    Шамол аз самти ғарб  бо гузариш ба самти шарқ  бо суръати   3-8 ва  ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бо шиддати то 12- 17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 11-16  ва  рӯзона 23-28 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5   ва  рӯзона  13-18  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона 11-16  ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона  7-12   ва   рӯзона 20-25 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ   ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Ҳаво  дар водиҳо шабона 9-14  ва рўзона 22-27 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 4-9  ва  рўзона 16-21  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар  шаҳри Душанбе  тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти ғарб  бо гузариш ба самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония мевазад.  Ҳаво  шабона 9-11  ва рӯзона 24-26  дараҷа гарм мешавад.

92